СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар ҷаҳони имрӯз сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳар як давлат ба шумор меравад. Маҳз тавассути сиёсати хориҷии оқилона ва ояндабин давлатҳо метавонанд манфиатҳои миллии худро ҳифз намуда, дӯстӣ ва ҳамкориро бо дигар кишварҳо таҳким бахшанд, сармоя ҷалб намоянд, иқтисодиёти худро рушд диҳанд ва мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкам созанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳу дӯстӣ, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва ҳамкории судманд бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст.
Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои созанда дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Тоҷикистон бо аксари давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дошта, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ низ саҳми арзандаи худро мегузорад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 масъалаи тақвияти сиёсати хориҷӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии рушди давлат мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипи «дарҳои боз», эҳтироми истиқлолият ва ҳудуди давлатии ҳамаи кишварҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар, ҳалли масъалаҳо бо роҳи гуфтушунид ва густариши муносибатҳои дӯстона бо ҳамаи шарикони байналмилалӣ идома медиҳад.
Дар Паём ҳамчунин таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва истифодаи самараноки имкониятҳои транзитӣ бояд яке аз вазифаҳои муҳими сохторҳои давлатӣ бошад. Амалӣ гардидани ин ҳадафҳо барои рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ низ саҳми назаррас дорад. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таҳкими сулҳу субот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.
Далели равшани эътибори рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ он аст, ки 25 июни соли 2026 ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Қабули ин қатънома бори дигар нишон дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, онҳоро барои таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон муҳим меҳисобад.
Дар татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ҳар як сохтори давлатӣ назаррас мебошад. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» низ ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими соҳаи авиатсияи граждании мамлакат дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши арзанда дорад. Таъмини бехатар ва мунтазами ҳаракати ҳавопаймоҳо дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории доимӣ бо ташкилотҳои байналмилалии авиатсионӣ, риояи меъёрҳои байналмилалӣ ва истифодаи технологияҳои муосир барои баланд гардидани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мусоидат менамояд.
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо ҳисси баланди масъулият барои таъмини бехатарии ҳаракати ҳавоӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав фаъолияти пурсамар доранд. Ин ҳама ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалии авиатсия мусоидат мекунад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бо муваффақият идома дода, барои таҳкими сулҳу субот, рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон пайваста талош менамояд. Дар ин раванд ҳар як корманди мақомоти давлатӣ, аз ҷумла кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», вазифадоранд бо фаъолияти содиқона, масъулияти баланди касбӣ ва ҳисси ватандӯстӣ барои иҷрои ҳадафҳои сиёсати давлатӣ ва баланд бардоштани обрӯи байналмилалии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоранд.
Тақвияти сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳими рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дастуру ҳидоятҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 баён гардиданд, барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», роҳнамои фаъолияти минбаъда мебошанд. Итминон дорем, ки бо меҳнати содиқона ва саҳми арзандаи ҳар як корманд, Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ мавқеи худро ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва шарики боэътимод дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.
Ҳусниддин Холзода сардори
Маркази матбуоти
КВД «Тоҷикаэронавигатсия»


































