ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ҳамватанони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром ва ифтихор Шумо ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин санаҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, рамзи сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад. Маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба марҳилаи нави рушду созандагӣ қадам ниҳода, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Имрӯз Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши бебаҳои давлатдорӣ ва омили асосии пешрафту тараққиёти мамлакат барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аҳаммияти бузург дорад. Ҳифз ва таҳкими ин неъмати гаронбаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст буда, заминаи устувори рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад.
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар партави сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат ва фазои сулҳу оромии кишвар фаъолияти худро баҳри таъмини бехатарии ҳаракати ҳавоӣ, рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисоди миллӣ бо масъулияти баланд идома медиҳанд.
Боварии комил дорем, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ баҳри таҳкими сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори Ватани азизамон саъю кӯшиш хоҳанд намуд.
Ба муносибати ин ҷашни таърихӣ ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон саломатии комил, саодати рӯзгор, муваффақиятҳои нав ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу оромӣ, ваҳдати поянда ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод!
Бо эҳтиром,
Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон
Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































