Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
104

Чоп кардан

26 июни соли 2026 дар толори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, кормандон ва мутахассисони корхона иштирок намуданд.

 

Чорабиниро муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфт. Номбурда зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи пойдор, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва фазои созанда дар кишвар таъмин гардида, барои рушди устувори ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла авиатсияи гражданӣ, заминаи боэътимод фароҳам омадааст.

 

Сипас сухан ба сардори шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқии корхона Шараф Иззатуллоев дода шуд. Ӯ зимни маърӯзаи худ аҳамияти сиёсиву ҳуқуқии Ваҳдати миллиро мавриди таҳлил қарор дода, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муқаддаси давлатдорӣ барои таҳкими қонуният, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд ва таъмини зиндагии осоиштаи шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

 

Дар идомаи ҳамоиш раиси Иттифоқи касабаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Исроил Нуралиев суханронӣ намуда, зикр кард, ки Ваҳдати миллӣ мояи сарҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷомеа буда, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Ӯ кормандони корхонаро ба меҳнати содиқона, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди минбаъдаи корхона ва Ватани азиз даъват намуд.

 

Баъдан сухан ба сардори Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии корхона Фирӯз Мирзоев дода шуд. Номбурда дар баромади худ аз дастовардҳои соҳаи авиатсияи граждании кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз сулҳу ваҳдати миллӣ барои рушди инфрасохтори авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати ҳавоӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

 

Ҳамчунин сардори Раёсати рушди корхона Муҳамадаминшозода Фирӯз  зимни суханронии худ иброз дошт, ки рушди устувори ҳар як соҳа, аз ҷумла авиатсияи гражданӣ, пеш аз ҳама ба сулҳу субот, ваҳдат ва ҳамбастагии ҷомеа вобаста мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки ҳар як корманди корхона бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ дар пешрафти корхона ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.

 

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, ҳифз ва таҳкими он рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Иштирокчиён изҳори итминон намуданд, ки бо муттаҳидӣ, меҳнати софдилона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти минбаъдаи Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”, рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

   

                                                                                 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”