Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

БАХШИДА БА 29-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

БАХШИДА БА 29-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
73

Чоп кардан

Бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори ҶСК “Тоҷик Эйр” чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиши тантанавӣ роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”, ҶСК “Тоҷик Эйр”, ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр”, ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Шоҳин Эйрлайнз”, инчунин собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ, кормандон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

 

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҳз ба шарофати он барои таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд гардидани нуфузи байналмилалии кишвар заминаи мусоид фароҳам омадааст.

Дар идомаи чорабинӣ директорони корхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар бо суханрониҳои табрикотӣ баромад намуда, аз аҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ дар рушду пешрафти давлат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва пешбурди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ёдовар шуданд. Нотиқон таъкид карданд, ки маҳз дар фазои сулҳу суботи комил имрӯз соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, имкониятҳои нав барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди соҳа фароҳам гардидааст.

Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки таҷрибаи нодири сулҳофаринии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи муваффақи таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ эътироф гардидааст.

   

Ҳамчунин собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ зимни суханрониҳои худ аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, рушди бесобиқаи соҳаи авиатсия ва дигаргуниҳои назаррасе, ки дар натиҷаи сулҳу ваҳдати миллӣ ба амал омадаанд, ёдовар шуда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу ваҳдат, садоқат ба давлат ва саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаи авиатсияи мамлакат ҳидоят намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун рамзи ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва омили муҳими рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳори итминон карданд, ки бо талошҳои созандаи мардуми кишвар ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат Тоҷикистон минбаъд низ дар роҳи рушду шукуфоӣ қадамҳои устувор хоҳад гузошт.

 

                                                                                Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия