Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
13

Чоп кардан

Субҳи 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда, суҳбат бо мардуми касбу кори гуногун ва шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии аҳолӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи ноҳияи Ховалинг, ки ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба таври идона ороста шудааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.

Дар оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои маъмурии фурудгоҳи Ховалингро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тармиму навсозии бинои маъмурии фурудгоҳ дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия ба хотири ободии Ватан ва мунтазам беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ анҷом дода шудааст.

Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва унсурҳои миллӣ бунёд гардида, дар он барои кормандону мутахассисон шароити мусоиди корӣ фароҳам аст.

Бинои маъмурии фурудгоҳ аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои интизорӣ, ҷаласа ва қабулу гусели мусофирон инчунин меҳмонхона иборат буда, инфрасохтори он барои хизматрасонӣ ба мусофирон мувофиқ гардонида шудааст.

Зимни боздид аз шароити кории бинои Фурудгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро дар амалигардонии тадбирҳои ободонӣ ва созандаи кишвар шоистаи таҳсин хонданд.

Таъкид гардид, ки ин лоиҳаро метавон ҳамчун намуна бо такмили иловагӣ дар бунёди фурудгоҳҳои маҳаллии дигар шаҳру ноҳияҳо истифода кард.

 

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд.

Дар ин коргоҳи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, йогурт, кефири мевагӣ, дуғ, дуғоб, маска ва дигар навъҳои маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.

Коргоҳи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Ховалинг дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷумъахон Қосимов бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар бунёд гардидааст. Дар коргоҳ барои коркард ва захираи маҳсулот дегҳои аз 1 то 10-тоннагӣ мавҷуд мебошанд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи нави саноатӣ 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар як моҳ 30 тонна ва дар як сол то 360 тонна маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифатро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти коргоҳ таҳти тамғаи молии Асри ваҳдат дар зарфҳои ҳаҷмашон гуногун дар бозорҳои дохилии кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо хатти истеҳсолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркард ва бандубасти маҳсулоти ширӣ, инчунин мутобиқ намудани истеҳсолот ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки шир барои фаъолияти коргоҳ аз фермаи чорводории худӣ дастрас гардида, ҳамзамон дар назар аст, ки барои таъмини фаъолияти мунтазами он бо сокинони маҳаллӣ низ ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти дастрасшуда қабл аз коркард дар озмоишгоҳе, ки мутобиқ ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳозонида шудааст, мавриди санҷиши пурра қарор дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо бо лоиҳаи бунёди коргоҳи истеҳсоли ҳасиб низ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсоли ҳасиб дар кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг аз ҷониби ҳамин соҳибкори ватанӣ бунёд гардида, бо шароити зарурии истеҳсолӣ ва корӣ муҷаҳҳаз карда хоҳад шуд.

Дар ин коргоҳ, ки дорои иқтидори коркарди 1 тонна гушт дар як шабонарӯз хоҳад буд, 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Ҳамчунин, соҳибкор дорои фермаи чорводорӣ бо зиёда аз 20 сар гови ширии зоти сиёҳало ва 100 сар гови зоти шведӣ мебошад, ки ин ба дастрас намудани гушту шир ба ин ду коргоҳ имкон медиҳад.

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар маҳаллаи Сохтмончиёни шаҳраки Мунк пас аз таъмиру навсозии пурра Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Иброҳим Раҳмонзода ба истифода дода шуд. Муассиса дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурии таълиму тарбия буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар деҳаи Айлодара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоот аз синфхонаҳои бо васоити муҳими таълимӣ муҷаҳҳаз ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи ин муассиса намунавӣ буда, ҳамин гуна мактабҳо аллакай дар се деҳа сохта шудааст ва  тибқи нақша дар 6 деҳаи дигар низ бояд бунёд ёбад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ду муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Ховалинг барои қариб 2 ҳазор хонанда дар ду баст имкониятҳои нави таҳсил муҳайё гардидааст.

Дар идомаи тадбирҳо бинои нави иловагии маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинг ва майдончаи варзишии назди он ба истифода дода шуд. Иншоот аз 19 утоқи корӣ ва толори маҷлис иборат буда, бо таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ таъмин гардидааст.

Ҳамчунин дар деҳаи Дараи Мухтор Маҷмааи варзишии нав, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардид. Маҷмаа дорои толорҳои варзишӣ, майдончаи футбол, ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, ба рушди варзиш ва ташкили истироҳати фаъол нигаронида шудааст.

Ифтитоҳи иншооти мазкур идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими инфрасохтори маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам меорад.