ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ВА ПЕШРАФТИ СОҲАҲОИ СТРАТЕГӢ
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон давраи соҳибистиқлолӣ ҳамчун марҳилаи сарнавиштсоз ва оғози эҳёи воқеии давлату миллат арзёбӣ мегардад. Дар ин роҳи пурифтихор нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва мондагор мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии хирадмандона, сиёсати дурандешона ва иродаи қавии Пешвои миллат Тоҷикистон аз мушкилоти солҳои аввали истиқлолият раҳо гардида, ба сӯи рушду пешрафт ва ободонӣ қадамҳои устувор гузошт.
Яке аз дастовардҳои бузургтарини даврони истиқлолият барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдате, ки имрӯз ҳамчун муҳимтарин арзиши давлатдорӣ ва сарчашмаи пешрафти ҷомеа эътироф шудааст. Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар кишвар фазои сулҳу оромӣ таъмин гардида, заминаҳои устувори рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фароҳам оварда шуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардида, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Садҳо иншооти муҳими давлатӣ, роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ бунёд гардида, симои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба куллӣ дигаргун шудааст. Имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст, ки дар он корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо суръати баланд идома доранд.
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҳадафҳои стратегии мамлакат муайян ва амалӣ гардиданд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ барои рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи боэътимод гузоштанд.
Дар баробари дигар соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, рушди нақлиёт ва коммуникатсия низ дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба як кишвари дорои шабакаи муосири нақлиётӣ табдил ёфта, имкониятҳои транзитӣ ва робитаҳои байналмилалии он сол ба сол густариш меёбанд. Дар ин раванд рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ аҳаммияти махсус пайдо намудааст.
Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими стратегии мамлакат дар таъмини бехатарӣ, мунтазамӣ ва самаранокии ҳаракати ҳавоӣ нақши калидӣ дорад. Самараи сиёсати оқилонаи давлату Ҳукумат мебошад, ки имрӯз дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон технологияҳои муосири идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, системаҳои пешрафтаи радиолокатсионӣ, навигатсионӣ ва алоқа ҷорӣ гардида, сифати хизматрасониҳо мутобиқ ба талаботи созмонҳои байналмилалии соҳа таъмин карда мешавад.
Бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори авиатсияи гражданӣ ва такмили низоми хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Навсозии таҷҳизоти техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисон ва мутобиқ намудани фаъолияти соҳа ба стандартҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки ба баланд гардидани сатҳи бехатарии парвозҳо ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҷаҳонии авиатсияи гражданӣ мусоидат менамоянд.
Имрӯз кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бо эҳсоси баланди масъулият, садоқат ба касб ва рӯҳияи ватандӯстӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. Маҳорати баланд, дониши касбӣ ва истифодаи технологияҳои навтарин имконият медиҳанд, ки хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ пешниҳод карда шаванд.
Сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат ба рушди неруи инсонӣ ва баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа низ равона гардидааст. Имрӯз барои таҳсил, такмили ихтисос ва омода намудани кадрҳои баландихтисос тамоми шароит муҳайё мебошад. Дар низоми аэронавигатсияи мамлакат низ тарбияи мутахассисони ҷавон, ҷалби кадрҳои соҳибистеъдод ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон аз самтҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Мо, кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, минбаъд низ фаъолияти худро баҳри таъмини бехатарии ҳаракати ҳавоӣ, рушди хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз равона хоҳем сохт.
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ ба дастовардҳои наву назаррас ноил гардида, мавқеи худро ҳамчун давлати сулҳпарвар, соҳибтамаддун ва рӯ ба рушд боз ҳам таҳким хоҳад бахшид. Сулҳу ваҳдат, меҳнати созанда ва садоқати мардуми кишвар ба арзишҳои миллӣ кафили рушди устувор ва фардои дурахшони Тоҷикистони маҳбуб мебошанд.
Муаллиф:
Кароматулло Саидов
Сардори раёсати кадрҳо ва меҳнати
Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”


































