Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ КОРМАНДОНИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ КОРМАНДОНИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ
30

Чоп кардан

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар қатори намояндагони вазорату идораҳо ва сокинони пойтахт иштироки фаъолона намуданд.

Чорабинии оммавии варзишӣ дар фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстиву ҳамдилӣ баргузор шуда, ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги варзиш ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти ҷисмонӣ равона гардид.

Дар маросими расмии ифтитоҳи чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози назар карданд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Дави миллӣ ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, яке аз иқдомҳои муҳим дар самти тарғиби варзиш ва солимии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Иштироки фаъоли кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар чунин чорабиниҳо бозгӯи таваҷҷуҳи роҳбарияти корхона ба рушди тарзи ҳаёти солим, таҳкими неруи ҷисмонӣ ва баланд бардоштани руҳияи коллектив мебошад.


   

   

 
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”