САФАРИ ДАВЛАТӢ БА ЧИН
11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), хонум Зоу Ҷиайи мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои судбахш баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ин бонкро дар пешбурди лоиҳаҳои муҳими зерсохтории Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он барои дастгирии пайваста аз раванди рушди устувори кишвари мо арзи сипос намуданд.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои зерсохторӣ, ба мисли энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, обрасонӣ, технологияҳои рақамию “сабз” ва ҳамчунин кишоварзӣ, зоҳир гардид.
Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои муҳими зерсохторӣ татбиқ мешаванд, ки ҳаҷми умумии маблағгузории онҳо аз ҷониби бонк 400 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар фарҷоми мулоқот Нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба имзо расид, ки барои татбиқи он ҷудо намудани беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ аз ин бонк пешбинӣ шудааст.
Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷалб намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чинро шарики боэътимод ва калидии худ дар ин раванд номиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кишварҳои мо дар соҳаи гардиши тиҷоратӣ нишондиҳандаҳои қобили таваҷҷуҳ доранд.
Таъкид шуд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 6 миллиард доллар расидааст, ки аз он қариб 3,5 миллиардашро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ ҷиҳати ҷалби сармоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сармоягузорон амалишаванда андешаронӣ намуданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки соли гузашта дар кишвари мо қонун “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ” дар таҳрири нав қабул шуд.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санад василаҳои муосири дастгирии сармоягузоронро пешбинӣ намуда, кафолатҳои иловагии ҳуқуқии ҳифзи сармоя, соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва густариши ҳамкории давлат ва бахши хусусиро тақвият мебахшад.
Оид ба дигар имкониятҳои ҷалби сармоя андешаронӣ намуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва татбиқи тарҳҳои коммуникатсионӣ дар кишвари мо барои ташаккули долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ созгор номиданд.
Зикр карда шуд, ки дар соли гузашта, ба иқтисоди миллӣ ба маблағи қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки ҳудуди 900 миллион ва ё 12,5 фоизи он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии тақрибан 13 миллиард доллар амалӣ мегардад, ки дар бисёре аз онҳо ширкатҳои чинӣ ҳамчун паймонкор иштирок мекунанд. То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод фаъолият доранд.
Аз бартариҳои кишвар барои сармоягузорӣ ёдовар шуда, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад. Дар баробари ин, дар кишвари мо захираҳои фаровони канданиҳои фоиданок, аз ҷумла маъданҳои нодиру муҳим ва металлҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим, ба монанди тилло, нуқра, мис, литий, сурма, руҳ ва волфрам кашф шудаанд.
Ташаккули долонҳои муосири нақлиётиву иқтисодӣ дар ҳудуди Тоҷикистон барои пайванди Чин ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бо Ховари Миёна омили дигари рушди ҳамкорӣ бо кишвари Чини ҳамсоя маънидод гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ширкатҳои чиниро ба рушди иқтисоди “сабз”, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва технологияҳои муосир дар Тоҷикистон ҷалб намуданд.
Дар соҳаи саноат имкониятҳои васеъи кишвар барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, металлургия, саноати кимиё ва дорусозӣ, инчунин, саноати сабук муаррифӣ гардид. Ташкили занҷираҳои пурраи арзиши иловашуда ва рушди коркарди амиқи ашёи хом дар дохили кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон номида шуд.
Дар комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, самти муҳими рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон унвон карда шуд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ширкатҳои чиниро ба зарурат ва аҳамияти таъсиси марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот ҷалб намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои вобаста ба рақамикунонӣ, рушди зеҳни сунъӣ, фаъолияти панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, ки барои рушди муваффақонаи соҳибкорӣ ва тиҷорат шароиту имкониятҳои васеъ ва мусоид пешниҳод мекунанд, андешаронӣ намуданд.
Имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла табиати беназир, олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои таърихӣ, шаҳрҳои бостонӣ барои сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ ва фарҳангӣ низ таъкид гардиданд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муаррифии фазои мусоиди иқтисодӣ ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон ширкатҳои чиниро ба ҳамкории фаъол ва ворид шудан ба иқтисоди рӯ ба рушду тавсеаи кишвари мо даъват намуданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ширкатҳои чинӣ Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Вэнтао, Раиси Кумитаи мусоидат ба рушди савдои байналмилалии Чин Рен Хонбин ва роҳбарону намояндагони як қатор корхонаву ширкатҳои азими Чин, ки дорои нуфузи ҷаҳонӣ мебошанд, сухан гуфта, андешаҳо ва пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ин мулоқот ва гуфтушунидҳои миёни ширкатҳои Тоҷикистону Чин беш аз 50 санади ҳамкорӣ, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллари амрикоиро ба Тоҷикистон дар назар доранд, ба имзо расид.
Қисмате аз ин созишномаҳо, аз ҷумла дар доираи Форуми технологияҳои иттилоотӣ бо унвони “Пайванди тиҷорати рақамии Тоҷикистону Чин” (Tajik-China Digital Business Connect) ба мувофиқа расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Шурои давлатии ин кишвари дӯст ҷаноби Ли Сян мулоқот намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Чин барои мо кишвари дӯст, ҳамсояи нек ва шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ мемонад”.
Тавре зикр гардид, соли 2025 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар нисбат ба соли 2024 ба андозаи қариб 46 фоиз афзоиш ёфта, сармоягузории чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон давоми солҳои 2007–2024 ба наздики 6 миллиард доллари амрикоӣ расидааст, ки қисми зиёди он сармоягузории мустақим мебошад.
Фаъолияти босамари беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ далели равшани сатҳи баланди эътимоди доираҳои соҳибкории ду кишвар ба ҳамдигар номида шуд.
Гуфта шуд, ки сармоягузории Чин дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, ҳамчунин, дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ рӯ ба афзоиш дорад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармояи чинӣ барои татбиқи тарҳу барномаҳои рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ, технологияҳои муосир ва рушди иқтисод, энергетика ва саноати “сабз” низ манфиатдор аст.
Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги Тоҷикистон дар бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, ба мисли энергетика, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзь ва агросаноатии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии ду кишвар дар Тоҷикистон, ҳамчунин, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак доир гардид.
12 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Донишгоҳи Пекин ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раёсати донишгоҳ самимона истиқбол гирифтанд.
Нахуст ректори Донишгоҳ Гун Сихуан бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, қарори Шурои илмиро дар бораи сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин боргоҳи илму маърифат ба самъи ҳозирин расонданд.
Бо қарори Шурои илмиву таълимии Донишоҳи Пекин барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин, рушду густариши робитаҳои илмӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ба хусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим дар вазъияти тантанавӣ ба Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Профессори фахрӣ ва лавҳаи биринҷии унвони илмӣ супорида шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷуён суханронӣ карда, нахуст барои қадршиносӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Президенти кишвар дар бораи дастовардҳои таълимию илмии донишгоҳ, ки толибилмони беш аз 100 кишвари ҷаҳонро ба таҳсил фаро гирифтааст, андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки то имрӯз 50 шаҳрванди Тоҷикистон ин муассисаро бомуваффақият хатм карда, ҳоло 6 нафари дигар дар асоси бурсияҳои давлатии Чин дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд.
Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии мардумони Тоҷикистон ва Чин ҳанӯз аз замони “Роҳи бузурги абрешим” идома доранд. Дар ин хусус, нигораҳои хаттии қадимаи суғдӣ, ки ҳанӯз соли 1907 дар яке аз манораҳои девори бузурги Чин кашф шуда буданд, маълумоти арзишманд медиҳанд.
Гуфта шуд, ки ин дарёфтҳои таърихиро доираҳои илмиву академӣ бо унвони “Номаҳои куҳна” мешиносанд. Дар ду кишвар, аз ҳар ҷое, ки “Роҳи абрешим” мегузашт, нишонаҳои додугирифти фарҳангии тоҷикон ва чиниҳо боқӣ мондаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ мо бар пояи усули хоси “дарҳои кушода” сиёсати хориҷии мутавозину сулҳомез ва созандаро роҳандозӣ намуда, бемайлон пеш мебарем.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз бо 186 кишвари ҷаҳон робитаҳои устувори дипломатӣ барпо намудааст, ки дар ин қатор ҳамсояи наздику боэътимоди мо, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгоҳи хос дорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Чин аз ибтидо масири рушди устуворро тай намуда, имрӯз дар сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ қарор доранд. Онҳо фарогири ҳамкории мустаҳками сиёсиву амниятӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошанд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, аҳаммияти хосаи илму маърифатро дар шароити муосир мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки масъалаҳои илму маориф ва рушди нерӯи инсонӣ, бо дарназардошти нишондиҳандаҳои таркиби аҳолии кишвар аз рӯйи синну сол, ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати мо муайян гардидаанд.
Дар суханронии худ Роҳбари давлати мо, ҳамчунин, дар бораи робитаҳои байналмилалии илмиву маърифатӣ ва фарҳангӣ андешаронӣ карда, саҳми онҳоро дар қавӣ гаштани дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни мардумон муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар ин раванд мо ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Чини дӯст дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ, технология, инноватсия ва табодули академӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ин соҳаҳоро аз ҷумлаи самтҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар медонем.
Президенти кишвар изҳор доштанд, ки ҳоло дар ҳудуди 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 47 кишвари дунё таҳсилоти олӣ мегиранд, аз ин шумора наздики шаш ҳазор нафар дар Чин бо таҳсил фаро гирифта шудааст ва дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро хатм кардаанд. Дар ин зимн таваҷҷуҳи афзоишёбандаи ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар Чин, бахусус аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ таъкид карда шуд.
Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон, ҳамчунин, ба омӯзиши забону фарҳанги Чин таваҷҷуҳ дода мешавад. Марказҳои Конфутсий дар назди донишгоҳҳои Тоҷикистон дар таълими забон ва муаррифии фарҳанги Чин саҳмгузоранд. Изҳор карда шуд, ки дар ҳошияи сафари кунунӣ миёни мақомоти соҳавии ду кишвар санади дахлдор оид ба таъсиси боз як Маркази Конфутсий дар Тоҷикистон ба имзо хоҳад расид.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар 13 донишгоҳи мо омӯзиш аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ҳамчунин, метавонанд тавассути роҳандозии таҳқиқоти муштараки илмӣ дар бахшҳои геология, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ, таърих, бостоншиносӣ ва мероси фарҳангӣ мазмуну муҳтавои нав пайдо намоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарҷума ва нашри осори илмиву фарҳангӣ ҳамчун воситаи дигари муҳимми наздиксозии мурдумон ибрози андеша намуда, аз ҷумла ба забони чинӣ тарҷума шудани асари донишманди бузурги тоҷик-академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна”-ро намунаи барҷастаи он маънидод карданд.
Омӯзиши сарчашмаҳои бостонии чинӣ оид ба таърихи тоҷикон самти дигари ҳамкории муфиди олимони ду давлат номида шуда, таъкид гардид, ки чунин иқдомоти илмӣ имкон медиҳанд, ки пайвандҳои деринаи маънавию зеҳнии мардумонамон бо мазмуну муҳтавои муосир ғанӣ гардад.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг барои тарбияи насли нави мутахассисони рақобатпазир дар шароити замони муосир пояҳои устувор фароҳам месозад.


































