Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
31

Чоп кардан

Дар доираи мулоқоти котиби генералии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва президенти Бонки Рушди Африқо, ки 23 апрели соли 2026 баргузор гардид, ҷонибҳо барои таҳкими пайвастагии ҳавоӣ тавассути лоиҳаҳои муштарак уҳдадор шуданд. Ин иқдом расидан ба ҳадафи “нақлиёти ҳавоӣ барои ҳама то соли 2050” бо сифр фавт ва сифр партовҳои карбон мусоидат менамояд.

***

Ширкати ҳавопаймоии “Southwest” ба Барномаи мубодилаи маълумот дар ҷадвали парвозҳои IATA (SDEP) ҳамроҳ гардид. Татбиқи ин барнома дар охири соли 2023 оғоз шуда, ба ташкили пойгоҳи ягонаи маълумот оид ба ҷадвалҳои парвозҳо ва истисноҳои ҳадди ақали таваққуф равона шудааст. Айни замон шумораи ширкатҳои иштирокчӣ ба 190 расидааст.

***

Ҷаласаи 9-уми Гурӯҳи дастгирии татбиқи хизматрасониҳои аэронавигатсионии ICAO (ANSISG/09) аз 21 то 24 апрели соли 2026 дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова баргузор гардид. Дар он намояндагони ICAO, мақомоти авиатсионии Молдова, MoldATSA, инчунин зиёда аз 25 кишвари минтақаи EUR/NAT, аз ҷумла Қазоқистон, кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва ИМА иштирок намуданд. Ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла EUROCONTROL, IATA, ACI, IFALPA, IFATCA ва IBAC ҳузур доштанд.

***

Ширкати ҳавопаймоии “Japan Airlines” дар ҳамкорӣ бо “GMO Internet Group”-и Ҷопон аз 27 майи соли 2026 лоиҳаи озмоишии истифодаи роботҳои гуманоидро барои рафъи норасоии қувваи корӣ дар хизматрасонии рӯизаминии фурудгоҳ оғоз мекунад. Роботҳо бо баландии 130 см ва вазни 35 кг пешбинӣ шудаанд. Ин аввалин ташаббус дар Ҷопон буда, истифодаи пурраи онҳо аз соли 2028 дар назар аст. Дар марҳилаи аввал онҳо барои интиқоли контейнерҳои боркашонӣ ба ҳавопаймоҳо истифода мешаванд.

***

Ширкати “Air Premia” парвозҳои мустақимро аз Сеул ба Вашингтон оғоз намуд. Парвозҳо дар ин хатсайр дар як ҳафта чор маротиба анҷом дода мешаванд.

***

23 апрели соли 2026, ширкати “China Southern Airlines” аввалин парвози худро ба Терминали нави 3-и фурудгоҳи Франкфурт анҷом дод.

***

Ширкати “Qatar Airways” аз 1 майи соли 2026 парвозҳои ҳаррӯзаи худро ба самтҳои Баҳрайн ва Кожикоде барқарор менамояд.

***

Дар натиҷаи афзоиши нархи сӯзишвории авиатсионӣ, ширкатҳои ҳавопаймоии арзони ИМА аз ҳукумат 2,5 миллиард доллари ИМА кумак дархост карданд.

***

Бо сабаби ноустувории геополитикӣ, мушкилоти таъминоти сӯзишвории авиатсионӣ ва коҳиши талабот, ширкати “Turkish Airlines” парвозҳои худро ба 18 самт дар семоҳаи дуюми сол қатъ мекунад.

***

Ширкатҳои “Airbus” ва “MTU” ҳамкории худро дар самти рушди ҳуҷайраҳои сӯзишворӣ ва авиатсияи экологӣ тақвият медиҳанд. Ин ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба таҳияи муштараки технологияҳои гидрогенӣ, ки моҳи июни соли 2025 ба имзо расида буд, амалӣ мегардад.

***

25 апрели соли 2026, ширкати “Discover Airlines” аввалин парвози худро аз Франкфурт ба фурудгоҳи Шеннон анҷом дод.

***

25 апрели соли 2026, ширкати “China Eastern Airlines” аввалин парвози мустақими худро миёни Вена ва Сиан амалӣ намуд.

***

(Манбаъ: ICAO, IATA, КВҶ “Қазаэронавигатсия”, FL360, Aviation Explorer, Global Flight, Aviation Source News)