САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуданд.
Сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Норак оғоз ёфт.
Зимни сафари корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст агрегати №7 Неругоҳи барқии обии Норакро ба истифода доданд.
Тавре зикр гардид, корҳои сохтмонӣ ва таҷдид моҳи октябри соли 2024 оғоз ёфта, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Паймонкори асосии лоиҳа ширкати Андритз гидро буда, иҷрои корҳои зерпаймониро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик СГЕМ” ба уҳда дошт.
Дар доираи ин лоиҳа таҷҳизоти асосии гидроагрегат пурра нав карда шуда, технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ҷорӣ гардиданд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки кори агрегат боэътимод ва самаранок ба роҳ монда шуда, муҳлати истифодаи он барои солҳои зиёд таъмин гардад.
Маблағгузории навсозии гидроагрегати рақами ҳафт дар доираи ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ амалӣ гардид. Аз ҷумла, барои татбиқи ин лоиҳаи муҳим 34 миллион евро дар шакли қарз ҷалб карда шуда, ҳамзамон 9,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ равона гардид. Ин тарзи маблағгузорӣ имконият фароҳам овард, ки корҳои навсозӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ анҷом ёфта, самаранокии фаъолияти неругоҳ ба таври назаррас баланд бардошта шавад.
Пас аз анҷоми навсозӣ иқтидори истеҳсолии гидроагрегат афзоиш ёфт. Он метавонад дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намояд.
Хотиррасон гардид, ки корҳои навсозии таҷҳизоти неругоҳи Норак соли 2019 оғоз ёфта, то ин вақт 3 агрегати он пурра иваз шудааст. Ҳамчунин, таҷҳизоти зиёди ёрирасон мавриди навсозӣ қарор гирифтааст. Дар натиҷаи навсозии 3 агрегат тавоноии неругоҳ 260 МВт зиёд шуд, ки ин аз иқтидори пурраи неругоҳи Сангтуда-2 бештар мебошад.
Ҳоло навсозии агрегати чоруми неругоҳ бо маҷмуи таҷҳизоти ёрирасони он идома дорад.
Дар маҷмуъ тибқи лоиҳаи навсозии неругоҳ ҳамаи агрегатҳои он бо харҷи 750 миллион доллари амрикоӣ то соли 2032 нав карда мешаванд.
Ҳамчунин, бо харҷи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҳамаи неругоҳҳои барқии мавҷудаи Тоҷикистон навсозӣ шуда истодаанд, ки ба ин восита муҳлати хизмати онҳо 70-80 соли дигар тамдид меёбад.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кормандон ва мутахассисони соҳа баҳои баланд дода, саҳми онҳоро дар пешрафти энергетикаи кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки рушди ин соҳа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.
Ҳамчунин ба масъулин супориш дода шуд, ки ба истифодаи самараноки таҷҳизоти нав, нигоҳдории босифати онҳо ва омодасозии кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Бо татбиқи чунин лоиҳаҳои бузург, Тоҷикистон тадриҷан мавқеи худро ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои васеи истеҳсоли неруи “сабз” тақвият бахшида, ба таҳкими пояҳои истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидат мекунад.
Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулафшони деҳоти Сафобахш ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии Мармарӣ санги асос гузоштанд.
Иқдоми мазкур бо мақсади амалигардонии нақшаҳои созанда ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар роҳандозӣ шуда, аз самтҳои зотпарварӣ, истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва зиёд кардани иқтидори истеҳсолии гӯшти мурғ иборат мебошад. Амалисозии марҳилаи дуюм бо бунёди як силсила иншоот то сентябри соли 2027 ба итмом расида, мавриди истифода қарор мегирад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки татбиқи марҳилаи дуюм дар се самт ба нақша гирифта шуда, ҷойгиршавии он дар 5 мавзеи ноҳияи Данғара роҳандозӣ карда мешавад.
Се самти кор иборат аз парвариши чӯҷаи зотӣ бо сохтмони 5 мурғхона ва инфрасохтор, парвариши мурғи модарӣ- истеҳсоли тухми инкубатсионӣ бо сохтмони 6 мурғхона ва инфрасохтори лозима ва парвариши мурғи гӯштӣ бо сохтмони 12 мурғхона ва инфрасохтор ба нақша гирифта шудааст.
Ҳудуди заминҳое, ки ин иншоот дар он сохта мешавад, зиёда аз 36 гектарро ташкил дода, дар умум 23 фермаи иловагии парвариши паранда бо биноҳои маъмурӣ, санитарӣ, анборҳо, гузаргоҳҳо ва таваққуфгоҳҳои техника бунёд меёбад. Кашидани хатти барқ дар масоҳати беш аз 10 км ҳам пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои масъулин, 48 ҳазор сар мурғи модарии парваришшаванда барои истеҳсоли 7,3 млн. дона тухми инкубатсионӣ, омода карда шуда, иловатан ба хоҷагиҳои хурди парандапарварӣ пешкаш мегардад. Таъкид гардид, ки иқдоми таъмини тухми инкубатсионӣ дар вилояти Хатлон бори аввал татбиқ карда мешавад.
Мавзеи парвариши мурғи гуштӣ имкон фароҳам меорад, ки дар ҳар як мурғхона то 40 ҳазор сар паранда парвариш карда шуда, пайвастгари занҷираи истеҳсолоти имрӯзаи ширкат гардад. Тибқи дурнамо, истеҳсоли гӯшти мурғ бояд то 10 ҳазор тонна дар як сол расонда шавад.
Дар иншооти сохташаванда, таҷҳизоти муосири ширкатҳои ҷаҳонӣ насб гардида, хатҳои хӯрок, об, равшанӣ, гармӣ ва поксозии ҳаво бо таҷҳизоти рақамии худкор ба роҳ монда мешаванд.
Таҷҳизоти насбгардида ҳарорати заруриро ҳангоми парвариши паранда аз рӯи талабот ва меъёрҳо танзим намуда, барои парвариши мурғҳои хушзот шароити лозима муҳайё месозад.
Ҳамин тариқ, бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо дар як сол зиёда аз 5,8 миллион сар чӯҷаи мурғи гӯштӣ бо риояи талаботи беҳдоштӣ парвариш карда мешавад.
Инфрасохтори ҳудуди мурғхона бо хатти барқ ва хатти об таъмин гардида, роҳҳои он мутобиқ ба стандартҳои пешбинишуда мумфарш карда мешаванд.
Ҷиҳати амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, ҷамъият тасмим гирифтааст, ки марҳила ба марҳила дар ҳар мавзеъ барои эҳтиёҷоти худ панелҳои офтобӣ насб намояд.
Ҷиҳати мунтазам фаъолият намудани мурғхона зиёда аз 47 техника ва механизмҳои махсус истифода хоҳад шуд.
Дар марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии Мармарӣ зиёда аз 200 ҷойи кории доимӣ таъсис хоҳад ёфт.
Дар ин ҷода, маҷмаа тасмим гирифтааст, ки дар заминаи имкониятҳои мавҷудаи амалӣ ҷиҳати омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа, бахусус дар самти чорводорӣ, парандапарварӣ, растанипарварӣ, механизатору бойтор, технолог ва мутахассисони дигар Академияи Мармариро дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва марказҳои омузишии Аврупо таъсис диҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи иншооти бунёдшавандаро мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои пешбинишуда ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти Маҷмааи гармхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Гулнур оғоз бахшиданд.
Маҷмааи гармхонаҳо дар масоҳати 10 гектар замини бекорхобида ташкил карда шуда, 6 гектари он барои бунёди гармхонаҳои муосир пешбинӣ гардидааст. То имрӯз 3 гектар пурра обод шуда, мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар 1 гектари он гули садбарг ва дар 2 гектар гулҳои гуногуни мавсимӣ бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ парвариш меёбанд.
Дар гармхона таҷҳизоти муосири кишоварзӣ дастрас гардида, дорои низоми худкори рақамӣ мебошад. Ин низом танзими ҳарорат, намнокӣ ва дигар омилҳои муҳити парваришро фароҳам оварда, барои рушди босамари гулҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ замина муҳайё месозад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маҷмааи гармхонаҳо парвариши зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор гули садбарги навъҳои гуногун бо усули муосир ба роҳ монда шуда, ҳамзамон зиёда аз 3 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд.
Дар маҷмаа дарахтони гуногун, аз ҷумла олуи туркӣ, санавбар, липа, маҷнунбед, каштан, арчаи кабуд ва ноки ороишӣ шинонида шуда, муҳити атрофи иншоот мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ ороиш дода шудааст.
Дар гармхона 60 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, аз ин шумора 42 касаш занон ташкил медиҳанд. Дар мавсими ҷамъоварӣ ва омодасозии гулҳо 40 кас иловатан ба корҳои мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.
Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар маҷмааи гармхонаҳо идома дошта, зиёда аз 700 метр роҳҳои дохилӣ мумфарш гардидаанд.
Ҳамзамон биноҳои ёрирасон навсозӣ шуда, минбаъд сохтмони ошхона, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди истироҳат барои кормандон дар назар дошта шудааст.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти маҷмааи гармхонаҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва ташкили дурусти раванди истеҳсолот баҳои баланд дода, ба масъулин дастур доданд, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда фаъолиятро густариш диҳанд ва баробари қонеъ намудани талаботи дохилӣ содиротро ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди чунин гармхонаҳои муосир дар шаҳри Норак намунаи равшани татбиқи сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ буда, ба таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди иқтисоди маҳаллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
25 апрел дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар семоҳаи аввали соли 2026 натиҷагирӣ карда шуд.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои ҷойдоштаро баррасӣ намуда, барои ислоҳи онҳо дар назди масъулини шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Масъалаҳои дарёфти захираву имкониятҳои нав ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи вилоят ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои он низ муҳокима гардид.
Гуфта шуд, ки дар вилоят ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дошта, ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода супорида шудаанд. Дар маҷмуъ, иҷрои нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилоят то имрӯз 112 фоиз, яъне барзиёд таъмин гардидааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди беш аз 7000 иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоиро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят самараи заҳмати софдилонаи мардуми сарбаланди вилоят ва соҳибкорони ватандӯст арзёбӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сокинони шарафманди вилояти Хатлон, бахусус, соҳибкорону шахсони саховатпеша, ки дар ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд, миннатдории самимӣ изҳор доштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифа гузоштанд, ки бо истифодаи пурраи имкониятҳо ва ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша ба корҳои ободониву бунёдкорӣ суръати бештар бахшида, то охири соли равон бунёду ба истифода супоридани боз садҳо иншооти нави ҷашниро таъмин намоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар ҷараёни сафари навбатии корӣ мо дар шаҳри Норак агрегати ҳафтуми неругоҳи обии Норакро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор додем, ки ин раванд идомаи мантиқии корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ мебошад.
Зимни мулоқот муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодии вилоятро таҳлил намуда, изҳор доштанд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти вилоят дар семоҳаи якуми соли 2026 ба 7 миллиарду 208 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Вале ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суръати рушд ва саҳми вилоят дар иқтисоди миллӣ, бо дарназардошти имкониятҳои бузурги иқтисодии вилояти Хатлон, ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки бо истифодаи иқтидорҳои мавҷуда суръати рушди иқтисодӣ, бахусус, дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва содирот боз ҳам тақвият дода шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор маънидод намуданд.
Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш гирифтанд, ки истифодаи самараноки ҳамаи имкониятҳои мавҷударо таъмин намуда, ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, рушди истеҳсолот ва афзоиши содиротро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи иҷрои пурраву саривақтии нақшаи даромадҳои буҷет ва таҳкими интизоми андозро баррасӣ намуда, ба роҳбарияти мақомоти андоз ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ҷиҳати таъмин намудани иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи даромадҳои буҷет, тавсеаи заминаи андозбандӣ, баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии андозҳо ва коҳиш додани бақияи қарзи андоз тадбирҳои қатъӣ ва муассир андешанд.
Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки назорат аз болои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор тақвият дода шуда, интизоми андоз дар ҳамаи сатҳҳо таъмин ва истифодаи воситаҳои рақамикунонӣ барои шаффофият ва самаранокии маъмурикунонии андоз васеъ гардонида шавад.
Дар семоҳаи якуми соли равон ҳаҷми қарзи аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолии вилоят додашуда 1 миллиарду 790 миллион сомониро ташкил дода, 21 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки ҳаҷми қарздиҳиро ба бахшҳои истеҳсолӣ, бахусус, саноат ва кишоварзӣ ба таври назаррас зиёд карда, ҷалби пасандозҳои аҳолиро боз ҳам тақвият диҳанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро барои дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ, махсусан, дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамаи бахшҳо, бахусус, дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ вазифадор намуданд.
Роҳбарияти вилоят ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки барномаи мушаххаси рушди иқтисоди рақамиро таҳия ва татбиқ карда, рушди инфрасохтори рақамӣ, аз ҷумла дастрасии фарогир ба интернети баландсуръатро дар тамоми ҳудуди вилоят таъмин намоянд.
Ҳамчунин, зарур шумурда шуд, ки низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ гардида, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ вусъат дода шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби сармоя ба соҳаи технологияҳои рақамӣ ва рақамикунонии соҳаҳои калидии иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ ва савдо, ҳамчунин тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани савияи дониши рақамии аҳолӣ андешидани чораҳои муассирро таъкид намуданд.
Дар соҳаи саноат ба масъалаи барқарор кардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба рушди саноати коркард, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Барои бартараф намудани мушкилоти соҳаи энергетика татбиқи саривақтии лоиҳаҳо дар самти коҳиш додани талафоти неруи барқ зарур шумурда шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таваҷҷуҳи масъулинро ба бартараф намудани камбудиҳо дар самти истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда ҷалб намуданд.
Супориш дода шуд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни аҳолӣ ва корхонаҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ тақвият дода шавад.
Гуфта шуд, ки дар моҳҳои январ - марти соли 2026 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон ба 1 миллиарду 240 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ба мақомоти марбута супориш дода шуд, ки сохтори содирот ба таври куллӣ такмил ёфта, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки содиротӣ, бахусус дар соҳаҳои саноати коркард ва кишоварзӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, вазъи ҷалби сармоя, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Дар соҳаи кишоварзӣ аз масъулини соҳа истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об талаб карда шуд.
Дар ин замина, супориш дода шуд, ки баланд бардоштани ҳосилнокӣ, рушди пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, инчунин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ таъмин карда шавад.
Масъалаи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ махсус таъкид карда шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини шуғли аҳолӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро аз афзалиятҳои муҳимми сиёсати давлатӣ маънидод намуда, аз роҳбарони ҳамаи сатҳҳо фаъолияти ҷиддиву самарабахшро талаб намуданд.
Дар соҳаи маориф ба масъалаи мутобиқ намудани имкониятҳои мавҷудаи инфрасохтори таълимӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони баландихтисос ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо таваҷҷуҳи асосӣ дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар соҳаи тандурустӣ низ, сарфи назар аз корҳои назарраси анҷомдодашуда, дар самти бунёду таъмири муассисаҳо дар солҳои охир як қатор мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои бартараф кардани камбудиҳо дар соҳаҳои муҳими маориф ва тандурустӣ дастуру супоришҳо доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти имкониятҳои бузурги вилояти Хатлон дар самти рушди сайёҳӣ, зарур шумурданд, ки ба масъалаи бунёди иншооти сайёҳӣ, таъмиру таҷдиди иншооти мавҷуда ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон, ҳамчунин, вазъи риояи қонунияту тартибот ва мубориза бо ҷинояткорӣ, густариш додани корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда ва бартараф намудани камбудиҳо муҳокима карда шуд.
Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатӣ вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, тозагиву озодагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро тақозои замон номиданд.
Зарур шумурда шуд, ки ҳар як оила, ҳар як маҳалла ва ҳар як шаҳру ноҳия барои тозаву озода нигоҳ доштани манзили зист, ободии кӯчаву маҳалҳо ва муҳити атроф саҳми арзандаи худро гузорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки фароҳам овардани шароит барои таълими фарзандон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, омодасозии ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа ва ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои осебпазири ҷомеа - ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дошта бошад.
Баъди суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои вилоятӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
https://www.president.tj/

































