Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ БЕХАТАРӢ: CANSO БАРНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО МУАРРИФӢ НАМУД

ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ БЕХАТАРӢ: CANSO БАРНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО МУАРРИФӢ НАМУД
30

Чоп кардан

Ташкилоти байналмилалии CANSO бо камоли хушнудӣ оғози расмии Барномаи муқоисавии фарҳанги бехатариро эълон менамояд. Барномаи мазкур барои таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANSP) пешбинӣ гардида, ба онҳо имконият медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони худ сатҳи фарҳанги бехатариро такмил диҳанд.

Оғози барнома тавассути ҳамоиши онлайн-и CANSO рӯзи панҷшанбе, 23 апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад. Дар доираи он, ANSP-ҳои манфиатдор метавонанд маълумоти муфассал дастрас намуда, ба барнома ҳамроҳ шаванд.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби консорсиуме таҳия ва амалӣ гардидааст, ки ба он “Austro Control”, “NAV Canada” ва “Firstfruits Services” шомил мебошанд. Дар доираи татбиқи барномаи таҳлилии муқоисавӣ миёни “CANSO”, “Austro Control” ва “Firstfruits” Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Маҳсулоти асосии барнома пурсишномаи ройгони иборат аз 16 савол барои кормандон мебошад, ки бо мақсади арзёбии фарҳанги бехатарӣ таҳия шудааст. Таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ метавонанд маълумотро мустақилона бо истифода аз маҷмӯи стандартии маълумоти демографӣ ҷамъоварӣ намуда, сипас онро барои таҳлилу муқоиса ба CANSO пешниҳод намоянд.

Ҳамаи маълумот мутобиқи таҷрибаҳои беҳтарини “CANSO” дар самти идоракунии маълумоти бехатарӣ ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда мешавад. Саволҳои пурсишнома дар тӯли чандин сол аз ҷониби “NATS”, “Austro Control”, “NAV Canada” ва “Skyguide” такмил, озмоиш ва тасдиқ гардидаанд.

Дар натиҷа, маҷмӯи ниҳоии 16 савол чор самти асосиро дар бар мегирад:

  • мусоидат ба сӯҳбатҳои ошкоро ва самимӣ оид ба бехатарӣ;
  • ташаккули эҳсоси масъулият ва ҳушёрии солим;
  • ҳавасмандгардонии кормандон ба пешниҳоди савол ва андешидани чораҳо;
  • риояи меъёрҳои бехатарӣ аз марҳилаи ибтидоӣ.

ANSP-ҳои иштирокчӣ метавонанд натиҷаҳои худро бо нишондиҳандаҳои миёнаи соҳа муқоиса намуда, ё бо шарикони худ мубодила кунанд ва маълумоти муфассали таҳлилӣ ба даст оранд.

Дар ҳолати зарурат, ба ANSP-ҳо хизматрасониҳои иловагии пулакӣ низ пешниҳод мегарданд, аз ҷумла: баргузории семинарҳо оид ба бехатарии техникӣ, гузаронидани пурсишҳо, таҳлили маълумот, инчунин омода намудани гузоришҳо ва тавсияҳо барои шахсони қарорқабулкунанда.

Ҳадафи асосии CANSO пешбурди фарҳанги бехатарӣ дар соҳаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва расидан ба сатҳи нави рушд мебошад, зеро имрӯз ин соҳа барои татбиқи стандартҳои пешрафтаи ҷаҳонии бехатарӣ талош меварзад.