ЗАНБӮРИ АСАЛ ДАР ФУРУДГОҲ: ТАШАББУСИ САБЗИ ҲЕЛСИНКИ БАРОИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ
Гарчанде ки фурудгоҳҳо бештар бо садои муҳаррикҳои реактивӣ ва ҳаракати доимии ҳавопаймоҳо маъруфанд, Фурудгоҳи байналмилалии Ҳелсинки – фурудгоҳи асосии пойтахти давлати Финландия, шаҳри Ҳелсинки – ба як намунаи ҷолиби ҳамзистии инфрасохтори бузурги нақлиётӣ бо муҳити зист табдил ёфтааст, ки дар он оромона ҳазорҳо занбӯри асал парвариш карда мешаванд ва ба беҳтар шудани гуногунии биологӣ мусоидат менамоянд.
Дар шарқи роҳи парвозу фуруд рақами 2, ду қуттии бузурги занбӯри асал, ки аз назари мусофирон пинҳон мебошанд, ҷой гирифтаанд ва ҳар яке тақрибан 50 000 занбӯрро дар бар мегирад. Ин ҷомеаи хурди зинда на танҳо ба истеҳсоли асал мусоидат мекунад, балки дар ҳифз ва рушди саломатии экосистемаи маҳаллӣ низ нақши муҳим дорад.
Ба гуфтаи Кирси Питкяранта, ноиби президенти рушди устувор ва ҳифзи муҳити зисти ширкати “Finavia”, ин ташаббус бо мақсади он роҳандозӣ шудааст, ки фурудгоҳ ва муҳити атрофи он ҳамчун як низоми ягонаи экологӣ рушд намоянд ва гуногунии биологӣ дар атрофи фурудгоҳҳо тақвият дода шавад.
Лоиҳа аз тобистони соли 2023 оғоз гардида, аз он замон инҷониб занбӯрон ҳар сол дар мавсими гарм ба фурудгоҳ бармегарданд. Онҳо на танҳо рамзи уҳдадории ширкат ба ҳифзи муҳити зист мебошанд, балки дар амал низ ба беҳтар шудани табиат саҳм мегузоранд. Занбӯрҳо дар гардолудкунии растаниҳои ваҳшӣ нақши муҳим дошта, ба афзоиши растаниҳо, фароҳам шудани ғизо барои ҳашарот ва беҳтар шудани шароити зисти паррандагон ва дигар мавҷудоти хурд мусоидат мекунанд.
Минтақаи ҷойгиршавии занбӯрҳо махсус интихоб шудааст, зеро он дорои ботлоқзорҳо, теппаҳои офтобӣ ва ҷангалзорҳои бой буда, барои ҷамъоварии шаҳд шароити беҳтарин фароҳам меорад. Муҳим он аст, ки ин занбӯрҳо ба амнияти парвозҳо ягон хатар эҷод намекунанд, зеро онҳо аз масири ҳавопаймоҳо дур буда, одатан паррандаҳоро низ ҷалб намесозанд.
Ғайр аз аҳамияти экологӣ, ин ташаббус арзиши рамзии иқтисодӣ низ дорад. Бо шарикии ширкати финландии “Korpikuusikon Hunaja” аз ҳар қуттии занбӯр дар як мавсим то 25 килограмм асал истеҳсол мешавад, ки он ҳамчун тӯҳфаи корпоративӣ ё барои кормандони фурудгоҳ истифода мегардад.
Чунин таҷриба на танҳо дар Ҳелсинки, балки дар як қатор фурудгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҳамбург, Чикаго О’Хара, Питтсбург, Сиэтл-Такома ва Дюсселдорф низ амалӣ мешавад, ки дар онҳо қуттиҳои занбӯри асал барои мониторинги муҳити зист, санҷиши сифати ҳаво ва ҳифзи гуногунии биологӣ истифода бурда мешаванд.


































