АЗ ОМӮЗИШ ТО ВАРЗИШ: ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАХАССИСОНИ ТОҶИК БО ШАРИКОНИ ЧИНӢ
Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар доираи марҳилаи дуюми барномаи омӯзишӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба такмили ихтисос ва густариши донишу малакаҳои касбии худ машғул мебошанд. Барномаи омӯзишӣ дар Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоии минтақаи Шинҷон баргузор гардида, ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳо равона шудааст. Дар рафти омӯзиш мутахассисони тоҷик бо низомҳои навини техникию технологӣ шинос шуда, таҷрибаи амалии ҳамтоёни чинии худро меомӯзанд, ки ин раванд барои такмили фаъолияти касбӣ ва мутобиқ гардонидани он ба стандартҳои байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, дар баробари машғулиятҳои таълимӣ, бо мақсади таҳкими равобити дӯстона ва густариши ҳамкориҳои инсонӣ миёни мутахассисони ду кишвар чорабиниҳои муштараки фарҳангиву варзишӣ баргузор мегарданд. Аз ҷумла, бозии дӯстонаи футбол дар фазои гарму самимӣ доир гардида, он на танҳо як рақобати солим, балки василаи муҳими таҳкими дӯстӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамдигарфаҳмӣ гардид. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси ҳамдилӣ дар ин чорабинӣ ширкат варзида, фазои ҳамбастагӣ ва якдигарқабулиро боз ҳам тақвият бахшиданд. Чунин иқдомҳо барои боло бурдани руҳияи дастаҷамъӣ, рушди фарҳанги ҳамкорӣ ва барқарорсозии робитаҳои ғайрирасмии касбӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар асоси тавофуқоти бадастомада миёни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин, минбаъд низ дар доираи такмили ихтисоси мутахассисон ва мубодилаи таҷриба баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ ва варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои футбол, волейбол ва баскетбол, ба роҳ монда мешавад. Ин тадбирҳо ба таҳкими робитаҳои дӯстона, густариши ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии фаъолияти касбӣ ва рушди муносибатҳои дарозмуддати судманд миёни мутахассисони ду кишвар мусоидат менамоянд.
Қобили зикр аст, ки барномаи омӯзишӣ дар асоси Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Бюрои минтақавии идоракунии ҳаракати ҳавоии минтақаи Шинҷони Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида, ҳадафи он тақвияти шарикии муассир, рушди ҳамкориҳои дарозмуддати стратегӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи хизматрасонии аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин гуна барномаҳо барои омода намудани мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳо ва рушди устувори соҳаи авиатсияи кишвар заминаи боэътимод фароҳам меоранд.
Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































