Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ: ОМӮЗИШИ МУТАХАССИСОНИ «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» ДАР ШИНҶОН

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ: ОМӮЗИШИ МУТАХАССИСОНИ «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» ДАР ШИНҶОН
25

Чоп кардан

Санаи 9 апрели соли 2026, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ, кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба Маркази омӯзишии авиатсионии музофоти Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.

Дар доираи ин сафар мулоқоти дуҷонибаи муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода бо директори генералии Бюрои ҳаракати ҳавоии минтақаи Шинҷон Лю Венчӣ баргузор гардид. Ҳамзамон, мулоқоти ҳайати васеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи аэронавигатсия, таҳкими робитаҳо ва такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар марказҳои омӯзишии Чин доир карда шуд.

Қобили зикр аст, ки омӯзиши мазкур мутобиқ ба талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) баргузор гардида, дар доираи он мутахассисони тоҷик донишу малакаи худро дар самтҳои таҷрибаи инструкторӣ дар ҷойи кор, фаъолияти сардори баст, масъулияти кормандони NOTAM ва брифинг, инчунин фаъолияти мутахассисони Хадамоти иттилооти аэронавигатсионӣ ва татбиқи Системаи идоракунии сифат ва бехатарӣ такмил медиҳанд.

Ҳамзамон, бо мақсади шиносоии наздик бо фаъолияти ҳамтоёни чинӣ ва мубодилаи таҷриба, ҳайати КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз марказҳои Бюрои ҳаракати ҳавоии Шинҷон боздид ба амал оварданд.

Бояд таъкид намуд, ки ташкили ин омӯзиш бо ибтикори директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, таҳкими бехатарӣ ва самаранокии амалиётӣ дар хизматрасонии аэронавигатсионӣ, инчунин таъмини риояи стандартҳои байналмилалӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб мебошад.

Омӯзиши мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар минтақаи Шинҷон то 17 апрели соли 2026 идома ёфта, дар анҷоми он иштирокчиён бо шаҳодатномаҳои тахассусӣ сарфароз гардонида мешаванд.

  

Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”