ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Аз 9 апрели соли 2026, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро дар масири нави мунтазам – Душанбе–Уфа–Душанбе оғоз менамояд. Парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.
Ҳамзамон, ширкат парвозҳоро дар хатсайри Душанбе–Деҳлӣ–Душанбе низ ба роҳ монд, ки онҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе иҷро мегарданд.
***
Аз 2-юми июни соли 2026, ширкати “Air Astana” парвозҳоро аз Остона ба Гуанчжоу роҳандозӣ менамояд.
***
Созишнома миёни Федератсияи Россия ва Арабистони Саудӣ оид ба сафар бидуни раводид аз 11 майи соли 2026 мавриди амал қарор мегирад. Тибқи он, шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд то 90 рӯз бидуни раводид иқомат намоянд. Ин имтиёз ба сафарҳои марбут ба кор, таҳсил ё иқомати дарозмуддат дахл надорад. Бо вуҷуди ин, шаҳрвандони Россия барои адои ҳаҷ ва умра ба раводид ниёз хоҳанд дошт.
***
Аз 5-уми апрели соли 2026, ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла “Air China” ва “China Southern Airlines”, арзиши пардохти иловагии сӯзишвориро дар парвозҳои дохилӣ шаш баробар афзоиш доданд. Ҳоло ин пардохт барои парвозҳо то 800 км – 60 юан (8,70 доллар) ва барои парвозҳои зиёда аз 800 км – 120 юанро ташкил медиҳад. Қаблан он мутаносибан 10 ва 20 юан буд.
***
Бо мақсади харидории 9 адад ҳавопаймои ATR 72-600, ширкати “SUM Air”-и Кореяи Ҷанубӣ бо ширкати “ATR” созишнома ба имзо расонд.
***
Чаҳор фурудгоҳи бузурги Италия, аз ҷумла Фурудгоҳи Милан Линате, Фурудгоҳи Венетсия Марко Поло, Фурудгоҳи Тревизо ва Фурудгоҳи Болония барои сӯзишвории авиатсионӣ маҳдудият ҷорӣ намуданд.
***
2-юми апрели соли 2026, ширкати “Vertical Aerospace” бо анҷом додани парвози пурраи ҳавопаймои навъи eVTOL ба як марҳилаи муҳими рушди авиатсияи барқӣ ноил гардид. Парвоз таҳти назорати қатъии Идораи авиатсияи граждании Британияи Кабир анҷом дода шуд. Ин рӯйдод қадами муҳим барои истифодаи тиҷоратии ҳавопаймои “Valo” арзёбӣ мегардад.
***
Малайзия нахустин парвози озмоишии ҳавопаймои бесарнишини “Anka”-ро анҷом дод.
***
Ширкати “Fly Arystan” шумораи парвозҳоро дар масири Остона–Кутаисӣ–Остона афзоиш медиҳад. Тибқи иттилои ширкат, аз 1-уми июн то 31-уми августи соли 2026 парвозҳо ҳафтае ду маротиба анҷом дода мешаванд.
***
Роҳбари ширкати ҳавопаймоии “Air India”, Кэмпбелл Вилсон, аз вазифа истеъфо дод.
***
Бо мақсади таъмини хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои таъминоти сӯзишвории A330, Канада бо ширкатҳои “Airbus” ва “L3Harris” созишнома ба маблағи 1,5 миллиард доллари Канада ба имзо расонд.
***
(Манбаъ: Somon Air, Азия-Плюс тоҷикӣ, Aviation Explorer, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/, Flight Global)


































