ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА СОҲАИ АВИАТСИЯ ВА РОҲҲОИ МУТОБИҚШАВӢ
Тибқи гузориши шашуми арзёбии Панели байниҳукуматии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC, 2022), тағйирёбии иқлими ба фаъолияти инсон вобаста ба обу ҳавои шадид ва рӯйдодҳои иқлимӣ дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон таъсири назаррас мерасонад. Ин раванд, аз ҷумла, боиси афзоиши мавҷҳои гармии шадид ва такроршавандаи онҳо ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар уқёнусҳо, тӯлонӣ гардидани хушксолӣ ва зиёд шудани шумораи сӯхторҳои ҷангал мегардад.
Тағйирёбии иқлим ва авиатсия
Соҳаи авиатсия низ аз ин равандҳо истисно нест. Шароити номусоиди обу ҳаво, тағйирёбии хусусияти боришот, баланд шудани сатҳи баҳр ва шиддат гирифтани тӯфонҳо метавонанд ба фаъолияти фурудгоҳҳо, самаранокии истифодаи ҳавопаймоҳо ва бехатарии мусофирон таъсири манфӣ расонанд. Ин тағйирот ба талаботи системаи хунуккунии фурудгоҳҳо, инфрасохтори обтаъминкунӣ ва дренажӣ, мутобиқати хатҳои парвозу фуруд, инчунин ба самаранокии умумии амалиёти парвозҳо таъсири мустақим мерасонанд.
Гарчанде низоми авиатсионӣ дорои сатҳи муайяни устуворӣ мебошад, он дар шароити фишорҳои рӯзафзуни иқлимӣ қарор дорад. Бо дарназардошти он ки пешгирии пурраи таъсири тағйирёбии иқлим имконнопазир аст, коҳиш додани таъсири он ва ҳамзамон тақвияти чораҳои мутобиқшавӣ аҳамияти аввалиндараҷа касб менамоянд. Бо назардошти нақши калидии соҳа дар рушди иқтисодӣ ва таъмини пайвастагии ҷаҳонӣ, таҳкими устувории инфрасохтор ва амалиёти авиатсионӣ барои муқовимат ба хатарҳои иқлимӣ бояд яке аз афзалиятҳои асосӣ бошад. Банақшагирии самаранок дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ фаҳмиши дақиқи онеро талаб мекунад, ки тағйирёбии иқлим дар куҷо, кай ва ба чӣ гуна ба соҳаи авиатсия таъсир мерасонад ва кадом тадбирҳои мутобиқшавӣ натиҷаи беҳтар медиҳанд.
Коҳиши таъсир ва мутобиқшавӣ: ду самти асосии вокуниш
Барои муқобила бо тағйирёбии иқлим татбиқи ҳамзамони чораҳои коҳиши таъсир ва мутобиқшавӣ зарур мебошад. Чораҳои коҳиши таъсир ба кам кардани саҳми соҳаи авиатсия дар тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама тавассути коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, равона шудаанд. Ба ин тадбирҳо гузариш ба манбаъҳои тозаи энергия, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ ва татбиқи механизмҳои байналмилалии бозорӣ, аз ҷумла Нақшаи ҷуброн ва коҳиши карбон барои авиатсияи байналмилалӣ (CORSIA), дохил мешаванд.
Дар навбати худ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба омода намудани соҳа барои муқовимат ба таъсироти манфии он нигаронида шудааст. Ин раванд ворид намудани тағйироти заруриро ба инфрасохтор, амалиёт ва банақшагирӣ барои таъмини бехатарӣ ва самаранокии устувор дар шароити нави иқлимӣ дар бар мегирад. Аз ҷумла:
Тақвияти инфрасохтори фурудгоҳҳо. Баланд бардоштани устувории фурудгоҳҳо нисбат ба обхезӣ, тӯфонҳо ва ҳарорати баланд тавассути мустаҳкамсозии терминалҳо, хатҳои парвозу фуруд ва системаҳои дренажӣ, инчунин бунёди иншооти муҳофизатӣ ва татбиқи инфрасохтори “сабз”.
Модернизатсияи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ. Ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи пешгӯии обу ҳаво, беҳсозии масирҳои парвоз барои канорагирӣ аз шароити номусоид ва истифодаи системаҳои муосири бартарафсозии барфу ях.
Мутобиқсозии хусусиятҳои ҳавопаймоҳо. Такмил додани тарҳрезӣ ва системаҳои ҳавопаймоҳо барои фаъолияти устувор дар ҳарорати баланд, тағйирёбии зичии ҳаво ва афзоиши турбулентӣ тавассути истифодаи технологияҳои инноватсионӣ.
Дар маҷмӯъ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба андозаи коҳиш додани таъсири он аҳамияти муҳим дорад. Аз ин рӯ, ворид намудани тадбирҳои муассири мутобиқшавӣ ба сиёсат, банақшагирӣ ва фаъолияти амалӣ, бахусус дар минтақаҳои осебпазир, хеле зарур мебошад.
Нақши ICAO дар раванди мутобиқшавӣ
Мувофиқи қарорҳои Ассамблеяи 42-юми Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), ин ниҳод уҳдадор шудааст, ки давлатҳо ва ҷонибҳои манфиатдорро дар таҳия ва татбиқи нақшаҳои мутобиқшавии соҳаи авиатсия ба тағйирёбии иқлим дастгирӣ намояд.
Гузориши ҷамъбастии ICAO оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои соли 2024 хатарҳои мавҷуда ва эҳтимолии иқлимиро барои авиатсияи байналмилалӣ, аз ҷумла таъсири онҳо ба фурудгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, мавриди таҳлил қарор медиҳад. Ин ҳуҷҷат, ки бар асоси маълумоти илмии муосир ва таҷрибаи амалии соҳа таҳия шудааст, тавсияҳои мушаххасро барои баланд бардоштани устувории низоми авиатсионӣ пешниҳод менамояд.
Бо вуҷуди он ки ICAO роҳнамоӣ ва механизмҳои заруриро пешниҳод мекунад, самаранокии амалисозии онҳо ба сатҳи ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зич миёни давлатҳо, сохторҳои соҳавӣ ва шарикони байналмилалӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, густариши ҳамкории байналмилалӣ бо иштироки ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои минтақавӣ, фурудгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва муассисаҳои илмӣ барои тақвияти устувории низоми ҷаҳонии авиатсия аҳамияти калидӣ дорад.
Дар шароити афзоиши хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо барои татбиқи усулҳои инноватсионии идоракунии хавфҳо, банақшагирии инфрасохтори мутобиқ ба иқлим ва ҷорӣ намудани амалияҳои муосири фаъолияти авиатсионӣ аҳамияти ҳалкунанда хоҳад дошт.
Таъмини устувории авиатсияи гражданӣ дар шароити тағйирёбии иқлим: хатарҳо, имкониятҳо ва роҳҳои мутобиқшавӣ


































