Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР БОЗОРИ АВИАТСИЯ: “ШОҲИН ЭЙРЛАЙНЗ” ИМКОНИЯТҲОРО ВАСЕЪ МЕКУНАД

ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР БОЗОРИ АВИАТСИЯ: “ШОҲИН ЭЙРЛАЙНЗ” ИМКОНИЯТҲОРО ВАСЕЪ МЕКУНАД
29

Чоп кардан

Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” дар Ҷумҳурии Чехия Созишнома оид ба харидории ҳавопаймои нави минтақавии турбовинтӣ L410 NG-ро ба тасвиб расонид. Имзои санади мазкур қадами муҳим дар раванди рушди ширкати ҳавопаймоӣ ва тавсеаи имкониятҳои он дар соҳаи интиқоли ҳавоии минтақавӣ маҳсуб меёбад. Дар ин хусус КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” иттилоъ медиҳад.

Ҳавопаймои L410 NG нав барои иҷрои парвозҳои дохилиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ихтисос дода шуда, тарҳи наве аз оилаи ҳавопаймоҳоӣ L410 мебошад, ки дар истифода аллакай худро хуб нишон додаанд. L410 NG бо самаранокии баланди сӯзишворӣ, дурпарвозӣ ва хусусиятҳои беҳтаршудаи истифодабарӣ тафовут дошта, барои интиқои минтақавӣ муносиб мебошад.

Ба қавли директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” Зафар Аҳмадзода харидории ҳавопаймои мазкур ба стратегияи рушди парки ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” мувофиқат мекунад, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, рушди алоқаи ҳавоии дохилӣ ва минтақавӣ равона шудааст.

Интизор меравад, бо истифодаи ҳавопаймои L410 NG ширкати ҳавопаймоӣ самаранокии интиқоли ҳавоии дохилиҷумҳуриявӣ ва минтақавиро ба таври назаррас афзун менамояд.

“Шоҳин Эйрлайнз” – ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ хизматрасонии фармоиши чархболро пешниҳод менамояд ва ҳамзамон бо истеҳсолкунандагони пешбари техникаи авиатсионӣ музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

 

                                                                                                                АКС: Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз”