Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ ТАЛАБОТИ НАВ ҶОРӢ НАМУД: МАҲДУДИЯТ БА БАТАРЕЯҲОИ ЛИТИЙ ДАР ПАРВОЗҲО

ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ ТАЛАБОТИ НАВ ҶОРӢ НАМУД: МАҲДУДИЯТ БА БАТАРЕЯҲОИ ЛИТИЙ ДАР ПАРВОЗҲО
16

Чоп кардан

Қарори нави Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) инъикоскунандаи афзоиши огоҳӣ нисбат ба хатарҳои вобаста ба таҷҳизоти нерӯдиҳандаи дорои батареяҳои литий дар бағоҷи мусофирон мебошад. Татбиқи мушаххасоти нав аз 27 марти соли 2026 оғоз гардида, ба пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ равона шудааст.

Мушаххасоти нави нашрнамудаи ICAO вобаста ба таҷҳизоти дорои батареяҳои литий-ион ба баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, таъмини оромии мусофирон ва фаъолияти устувори ширкатҳои ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст. Тибқи талаботи нав, шумораи чунин дастгоҳҳо барои як мусофир то ду адад маҳдуд гардида, истифодаи онҳо ҳангоми парвоз манъ мебошад.

Ҳамзамон, мутобиқи талаботи амалиётии ҳавопаймо, аъзои экипаж метавонанд чунин таҷҳизоти сайёрро барои эҳтиёҷоти хизматӣ интиқол ва истифода намоянд.

Ин тағйиротҳо бозгӯи ӯҳдадории доимии ICAO ҷиҳати таҳкими бехатарии авиатсионӣ буда, ба дурнамои стратегии Ташкилот оид ба таъмини нақлиёти ҳавоии бехатар, дастрас ва устувор барои ҳама то соли 2050, бо ҳадафи ба сифр расонидани талафоти ҷонӣ ва партовҳои карбон, мувофиқ мебошанд.

Бо мақсади дастгирии ин дурнамо, гурӯҳи кории ICAO оид ба борҳои хатарнок (Dangerous Goods Panel) хатарҳои эҳтимолии марбут ба интиқоли молҳои хатарнокро мунтазам назорат намуда, ба мақомоти таҳиякунандаи стандартҳои ICAO тавсияҳои коршиносӣ пешниҳод менамояд.

Коршиносони мустақили техникии Комиссияи аэронавигатсионии ICAO тавсияҳои мазкурро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Дастурамалҳои техникӣ оид ба интиқоли бехатари молҳои хатарнок тавассути ҳаво” (Technical Instructions for the Safe Transport of Dangerous Goods by Air, Ҳуҷҷати 9284) баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Ин тағйиру иловаҳо аз ҷониби 36 давлати аъзои Шӯрои ICAO ҷонибдорӣ гардида, минбаъд ба ҳамаи 193 давлати узви ICAO ирсол шуда, барои истифода дастрас мегарданд.