Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”
124

Чоп кардан

Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав ва пайванди дӯстиву ҳамдилӣ миёни мардумон ба шумор меравад, санаи 18-уми марти соли 2026 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

 

Дар чорабинии идона роҳбарият ва кормандони корхона фаъолона ширкат варзида, фазои идона ва руҳияи баланди миллӣ ҳукмфармо буд.

Ҷамъомади тантанавиро муовини якуми директори генералии корхона Даврон Шодмонбекзода ҳусни оғоз бахшида, кулли кормандон ва дар шахсияти онҳо мардуми шарафманди кишварро аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон ба муносибати фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният намуд.

Зимни суханронии худ номбурда аз таърихи куҳан ва суннатҳои волои Наврӯз ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин ҷашни бостонӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикор ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Зикр шуд, ки Наврӯз имрӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаи халқҳо ба ҳисоб меравад.

 

Сипас, сухан барои идомаи чорабинӣ ба раиси Иттифоқи касабаи корхона Исроил Нуралиев дода шуд. Ӯ зимни баромади худ кормандонро ба ин ҷашни фархунда табрик гуфта, иброз дошт, ки Наврӯз мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ва заҳмати софдилона ҳидоят намуда, барои рушди ҷомеа нақши муҳим мебозад.

 

Дар идома Шаҳноза Қадирова ба минбар баромада, доир ба таърихи пайдоиш ва анъанаҳои Наврӯз суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки Наврӯз таърихи беш аз шаш ҳазорсола дошта, аз замонҳои қадим ҳамчун оғози кишту кор, эҳёи табиат ва поксозии зоҳиру ботини инсон таҷлил мегардад. Ӯ ҳамчунин аз ойинҳои миллӣ, аз қабили тоза намудани хона, омода сохтани суманак ва густариши дастархони ҳафтсин ёдовар шуд.

Ҳамзамон, сардори раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии корхона Умедҷон Мирзохонзода баромад намуда, Наврӯзро рамзи навсозӣ ва пешрафт арзёбӣ карда, ба аҳли кормандон барору комёбӣ ва муваффақиятҳои нав орзу намуд.

   

Сипас, сухан барои баёни маърӯза ба менеҷери таъминоти махзани маълумотҳо ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии бахши шаҳрвандии Маркази асосии низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ Шуҳрат Ҳамидов дода шуд. Ӯ дар баромади худ аз аҳамияти ҳамбастагӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳми ҳар як корманд дар рушди соҳа ёдовар гардида, Наврӯзро омили таҳкими рӯҳияи корӣ арзёбӣ намуд.

 

Дар идомаи чорабинӣ мудири бойгонии корхона Сарвиноз Зикаева ба сухан баромада, оид ба нақши Наврӯз дар тарбияи маънавии ҷомеа ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки ин ҷашни бостонӣ дар ниҳоди худ арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили покӣ, ростқавлӣ, эҳтиром ба гузашта ва умед ба ояндаро таҷассум менамояд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ аз номи роҳбарияти корхона таъкид гардид, ки таҷлили чунин ҷашнҳои миллӣ барои таҳкими ваҳдати дохилӣ, боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ ва густариши фарҳанги миллӣ аҳамияти бузург дорад. Ба кулли кормандон тансиҳативу саодатмандӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти касбӣ муваффақиятҳои назаррас орзу карда шуд.

Чорабинии идона дар фазои гарму самимӣ анҷом ёфта, хотири иштирокчиёнро бо таассуроти нек ғанӣ гардонид.

                                                                                Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”