ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ ШИРКАТИ “SHOHIN AIRLINES” БА РУШДИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ТОҶИКИСТОН
10 марти соли 2026, марҳилаи ниҳоии музокирот миёни директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Shohin Airlines” Зафар Аҳмадзода ва муассиси Фонди сармоягузории Аврупо “CFC s.r.o., osoba rizikoveho kapitalu” Гунтарс Селиковс, дар Душанбе баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дурнамои шарикии стратегӣ ва сармоягузории дарозмуддатро дар рушди авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Дар ин хусус КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо истинод ба “Aviation Explorer” иттилоъ медиҳад.
Пас аз музокирот, созишномаи сармоягузории панҷсола бо ширкати ҳавопаймоии “Shohin Airlines” ба имзо расид, ки маблағи умумии сармоягузории банақшагирифташуда аз 200 миллион доллари ИМА зиёд мебошад. Сармоягузории мазкур барои васеъ намудани флоти ҳавопаймоии ширкат, рушди фаъолият ва тақвияти инфрасохтори он равона мегардад.
“Имзои созишномаи сармоягузорӣ бо Фонди сармоягузории Аврупо як марҳилаи муҳим дар рушди ширкати ҳавопаймоии “Shohin Airlines” мебошад. Ҷалби сармояи дарозмуддат барои густариши флоти ҳавопаймоҳо суръат бахшида, шабакаи хатсайрҳои моро рушд медиҳад ва ба рушди устувори авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд”, — изҳор дошт директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Shohin Airlines” Зафар Аҳмадзода.
“Музокирот бо ширкати ҳавопаймоии “Shohin Airlines” беш аз шаш моҳ давом кард. Дар ин муддат якчанд вохӯриҳои корӣ дар Дубай (АМА) ва Аврупо баргузор шуда, ба фонд имкон дод, ки модели тиҷоратии ширкатро ҳамаҷониба омӯзад, сатҳи касбии гуруҳи роҳбарикунанда ва доираи иқтидори бозорро арзёбӣ намояд. Мо лоиҳаи васеъ намудани парки ҳавопаймоҳоро ҳамчун афзалияти стратегӣ мешуморем. Мо рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бодиққат назорат намудем ва маълумоти “Moody’s ва S&P Global Ratings” тасдиқ менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди устувор мебошад. Мо ба татбиқи бомуваффақияти лоиҳаи мазкур итминон дорем”, — таъкид намуд муассиси фонд, Гунтарс Селиковс.
Зикр намудан ба маври даст, ки пас аз баланд гардидани рейтинги қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби агентиҳои байналмилалии “Moody’s ва S&P Global Ratings”, шарикони аврупоӣ ба устувории иқтисоди миллӣ дар кишвар эътимод зоҳир намуда, омодагии худро барои густариши ҳузури сармоягузории худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.


































