Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

НАСЛИ РАҚАМӢ ВА РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ

НАСЛИ РАҚАМӢ ВА РУШДИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ
18

Чоп кардан

Дар асри XXI раванди рақамикунонӣ қариб дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба роҳ монда шуда, система ва меъёрҳои идоракунӣ, сармоягузорӣ ва хизматрасонӣ ба талаботи нави технологӣ мутобиқ гардонида мешаванд. Пешрафти босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба густариши инноватсия замина фароҳам оварда, муносибати ҷомеаро ба истифодаи иттилоот ва хизматрасониҳои гуногун ба куллӣ тағйир дод.

Дар ҳамин замина дар луғати илмӣ истилоҳи Digital Natives – “насли рақамӣ” пайдо гардид. Ин мафҳум ба он гурӯҳи аҳолӣ ишора мекунад, ки пас аз оғози инқилоби рақамӣ ба дунё омада, аз кӯдакӣ ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гирифтани иттилоот тавассути шабакаҳо ва каналҳои рақамӣ одат кардаанд. Намояндагони ин насл одатан ба дастрасии зуд ба иттилоот, иҷрои ҳамзамони чанд вазифа, шаклҳои интерактивии муошират ва усулҳои муосири ҷустуҷӯи маълумот майл доранд. Ҳамчунин, онҳо бештар ба иттилооти визуалӣ нисбат ба матн афзалият дода, ба маҳсулот ва хизматрасониҳое таваҷҷуҳ доранд, ки метавонанд дар раванди офариниш ё такмили онҳо иштирок намоянд.

Ин раванд ба соҳаи авиатсия низ таъсири назаррас расонида, барои мутобиқ намудани хизматрасониҳо ба талаботи насли рақамӣ як қатор инноватсияҳо амалӣ гардида истодаанд. Имрӯз дар бисёр фурудгоҳҳои ҷаҳон системаҳои худхизматрасонӣ, бақайдгирии электронӣ, пешниҳоди фаврии маълумот оид ба парвозҳо ва имконияти харидории чиптаҳо бо истифода аз платформаҳои рақамӣ ҷорӣ гардидаанд. Аз ҷумла, истифодаи визуализатсияи ҷойҳои нишаст дар ҳавопаймо, пешниҳоди хизматрасониҳои мобилӣ ва дастрасии фаврӣ ба иттилоот намунаи мутобиқшавии хизматрасонии авиатсионӣ ба талаботи насли рақамӣ ба ҳисоб меравад.

Дар баробари рақамикунонии хизматрасониҳо, низоми омӯзиши мутахассисони соҳа низ ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Истифодаи симуляторҳои муосир барои омӯзиши сарнишинони ҳавопаймо ва танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ имкон медиҳад, ки сенарияҳои воқеии парвоз дар шароити бехатар такрор карда шаванд. Дар чунин муҳит мутахассисон малакаҳои касбии худро, аз ҷумла идоракунии манёврҳои мураккаб ва амал дар ҳолатҳои фавқулода, такмил медиҳанд.

Ҳамзамон, омӯзиши компютерӣ (Computer-Based Learning – CBL) низ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Ин барномаҳои интерактивӣ ва мустақили омӯзишӣ мавзӯъҳои гуногуни авиатсияро фаро гирифта, донишҳои мутахассисонро дар самтҳои системаҳои ҳавопаймоӣ, қоидаҳои авиатсионӣ, расмиёти бехатарӣ ва навигатсия такмил медиҳанд.

Солҳои охир истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) дар равандҳои омӯзишӣ ва амалӣ ҳамчун яке аз усулҳои инноватсионӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар як қатор шаҳрҳои бузурги ҷаҳон ҷорӣ намудани хизматрасониҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо истифода аз технологияҳои нави ҳавоии бесарнишин барои солҳои 2026–2027 пешбинӣ гардидааст, ки метавонад имкониятҳои нави нақлиётиро барои ҷомеаи муосир фароҳам оварад.

Дар рушди чунин технологияҳо нақши зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence – AI) низ хеле муҳим аст. Зеҳни сунъӣ дар таҳияи барномаҳои омӯзишӣ барои сарнишинон ва танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ, сохтани сенарияҳои гуногуни омӯзишӣ, таҳлили маълумот ва арзёбии фаъолияти мутахассисон саҳми назаррас дорад. Бо истифода аз чунин технологияҳо метавон нуқсонҳои эҳтимолиро муайян намуда, сатҳи бехатарӣ ва самаранокии фаъолияти авиатсиониро баланд бардошт.

Дар баробари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти афзоиши шумораи ҷавонон – ки бахши асосии “насли рақамӣ”-ро ташкил медиҳанд – тадбирҳои мушаххасро барои рушди инфрасохтори авиатсионӣ ва аэронавигатсионӣ амалӣ менамояд. Таҷдиди иншооти фурудгоҳҳо, таҳкими фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ, ҷорӣ намудани манораҳои муосири идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, инчунин насб ва истифодаи системаҳои замонавии аэронавигатсионӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими роҳбарияти давлат ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин, ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар барои рушди соҳа ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти калон дорад.