РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК – МИНБАРИ АНДЕША ВА ОИНАИ ҶОМЕА
Ҳамасола 11 – уими март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Ин сана барои қадршиносии заҳмати рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори омма, ки дар ташаккули афкори ҷомеа ва густариши фарҳанги иттилоотӣ саҳми арзанда доранд, аҳамияти махсус дорад. Матбуот дар ҳар давру замон ҳамчун минбари андеша, оинаи воқеият ва василаи муҳими иртиботи ҷомеа бо давлату ниҳодҳои гуногун хизмат кардааст.
Таърихи матбуоти тоҷик бо нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои шариф” соли 1912 оғоз меёбад. Ин нашрия дар бедории маънавии ҷомеа, густариши маърифат ва ташаккули худшиносии миллӣ нақши бузург бозид. Аз ҳамон давра то имрӯз матбуоти тоҷик роҳи пурифтихору пурмасъулиятро тай намуда, дар рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, бахусус бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи матбуот ва фазои иттилоотии мамлакат рушду такомули тоза пайдо кард. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки матбуот бояд ба манфиати ҷомеа хизмат намуда, дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдории миллӣ нақши фаъол дошта бошад.
Дар баробари дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти воситаҳои ахбори омма низ пайваста такмил меёбанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” барои рушди соҳаи иттилоот ва фаъолияти озоду масъулиятноки рӯзноманигорон заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Ин қонун муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи матбуот танзим намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои рӯзноманигорон, инчунин дастрасии ҷомеа ба иттилооти боэътимодро муайян месозад. Маҳз мавҷудияти чунин заминаи ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки матбуоти тоҷик дар асоси меъёрҳои касбӣ ва масъулияти иҷтимоӣ фаъолият намояд.
Ҳамзамон, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои кормандони воситаҳои ахбори омма ва баланд бардоштани мақоми матбуот дар ҷомеа, ҳамасола дар кишвар Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Ин сана на танҳо ҷашни кормандони соҳаи матбуот, балки рамзи эҳтиром ба сухани озод, андешаи созанда ва нақши муҳими матбуот дар рушди ҷомеа мебошад. Дар ин рӯз фаъолияти рӯзноманигорон қадрдонӣ гардида, саҳми онҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа таъкид карда мешавад.
Дар баробари ин, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими робитаи мустақими онҳо бо ҷомеа, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Нишастҳои матбуотӣ ба рӯзноманигорон имконият медиҳанд, ки мустақиман ба роҳбарони сохторҳои давлатӣ саволҳо пешниҳод намуда, дар бораи фаъолияти онҳо иттилооти дақиқ ва муфассал дастрас намоянд. Ин раванд барои таҳкими фазои иттилоотии шаффоф, баланд бардоштани сатҳи масъулияти ниҳодҳо ва рушди фарҳанги муколамаи созанда байни давлат ва ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамин тавр, дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, заминаҳои мукаммали ҳуқуқӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба рушди фазои иттилоотӣ имкон медиҳанд, ки матбуоти тоҷик дар роҳи инъикоси воқеият, тарғиби арзишҳои миллӣ ва таҳкими маърифати ҷомеа нақши боз ҳам муассир гузорад.
Маҳз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии давлат боис гардид, ки дар кишвар шароити мусоид барои рушди воситаҳои ахбори омма, нашрияҳо ва сомонаҳои иттилоотӣ фароҳам оварда шавад.
Имрӯз матбуоти тоҷик дар баробари нашрияҳои анъанавӣ, инчунин дар фазои рақамӣ низ фаъолона амал мекунад. Сомонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ имконият фароҳам овардаанд, ки иттилоот ба таври фаврӣ ба ҷомеа дастрас гардад. Дар чунин шароит масъулияти рӯзноманигорон боз ҳам бештар мегардад, зеро онҳо бояд иттилооти саҳеҳ, муътамад ва боэътимодро ба мардум пешниҳод намоянд.
Дар баробари дастгириҳои давлат, таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаҳо ва ташкилотҳо низ барои рушди соҳаи матбуот аҳамияти муҳим дорад. Аз ҷумла, дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” низ ба фаъолияти иттилоотӣ ва бахши матбуот аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. Роҳбарияти корхона бо дарки аҳамияти иттилооти саҳеҳ ва шаффофият дар фаъолияти соҳа, ҳамеша барои густариши фаъолияти бахши матбуот, нашри мавод дар сомонаҳо ва муаррифии дастовардҳои корхона шароити мусоид фароҳам меорад.
Бахши матбуоти корхона бо омода ва интишор намудани хабарҳо, гузоришҳо ва маводи таҳлилӣ фаъолияти соҳаи аэронавигатсияро ба ҷомеа муаррифӣ намуда, дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон саҳм мегузорад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки мардум бо нақши муҳими соҳаи аэронавигатсия дар таъмини бехатарии парвозҳо ва рушди соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ аз наздик шинос шаванд.
Дар шароити ҷаҳонишавии иттилоот, матбуот бояд бо масъулияти баланд фаъолият намуда, дар таҳкими фазои иттилоотии солим саҳмгузор бошад. Рӯзноманигорон ва кормандони соҳаи матбуот бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба касб ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ фаъолият намоянд.
Рӯзи матбуоти тоҷик фурсати муносибест, то заҳмати кормандони ин соҳаи муҳим қадр карда шавад. Бигзор матбуоти тоҷик минбари ҳақиқат, тарғибгари арзишҳои миллӣ ва василаи таҳкими маърифати ҷомеа боқӣ монад. Бо қалами бурро, андешаи созанда ва масъулияти касбӣ кормандони соҳаи матбуот метавонанд дар рушди давлату ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Кароматулло Саидов,
сардори РКваМ-и
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































