МОДАР – ЧАРОҒИ ҶОВИДОНИ ЗИНДАГӢ
Модар азизтарин ва муқаддастарин мавҷуди рӯи замин аст. Ӯ сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи сабру таҳаммул ва мактаби аввалини тарбия барои ҳар инсон ба ҳисоб меравад. Аз лаҳзаи аввалини ба дунё омадани фарзанд то расидан ба камолоти инсонӣ, модар бо муҳаббати беандоза ва ғамхории бепоён роҳнамои зиндагии фарзандон мебошад. Ҳар як муваффақияту дастоварде, ки инсон дар зиндагӣ ба он ноил мегардад, пеш аз ҳама, аз дуои неку заҳмати шабонарӯзии модар сарчашма мегирад.
Дар ҷомеаи тоҷик мақому манзалати зан – модар ҳамеша баланд арзёбӣ мегардад. Халқи тоҷик аз қадимулайём ба зан ҳамчун тарбиятгари насли оянда ва посдори арзишҳои миллӣ эҳтироми хос зоҳир менамояд. Бинобар ин, арҷгузорӣ ба занону модарон на танҳо қарзи фарзандӣ, балки вазифаи ахлоқии ҳар як узви ҷомеа маҳсуб мешавад.
Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа боз ҳам баланд гардид. Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат занону бонувон имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа – аз сиёсату иқтисод то илму фарҳанг ва истеҳсолот фаъолона ширкат варзида, дар пешрафти давлату миллат саҳми назаррас мегузоранд.
Таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат нисбат ба занону бонувон аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди ҷомеаи солим ва устувор бе иштироки фаъолонаи занон имконнопазир аст. Имрӯз занони тоҷик ҳамчун мутахассисони варзида, роҳбарони масъул, омӯзгорон, табибон ва кормандони соҳаҳои гуногун бо садоқату масъулияти баланд фаъолият намуда, дар пешбурди корҳои муҳими давлатдорӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар баробари сиёсати давлатии дастгирии занону бонувон, дар муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳо низ ба ин қишри фаъол таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” низ занону бонувон ҳамчун кормандони фаъолу соҳибтаҷриба дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ саҳми назаррас доранд. Онҳо бо меҳнати софдилона, масъулияти баланд ва садоқат ба касб дар пешбурди фаъолияти корхона нақши муҳим мебозанд.
Бо дастгирии роҳбарияти корхона барои занону бонувон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, саҳму хизматҳои онҳо ҳамеша қадрдонӣ мегардад. Ин таваҷҷуҳ ва эҳтиром боис мегардад, ки занони корхона бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси масъулият дар рушду пешрафти фаъолияти соҳа боз ҳам фаъолтар иштирок намоянд.
Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои зебо ва пурмуҳаббат дар кишвари маҳбуби мо мебошад, ки рамзи эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба занону модарон аст. Ин рӯз моро водор месозад, ки бори дигар ба бузургии модар, меҳру муҳаббат ва заҳмати шабонарӯзии ӯ арҷ гузорем.
Бигзор меҳру муҳаббати модарон ҳамеша чароғи равшани зиндагии мо бошад. Бигзор занону бонувони азиз ҳамеша дар ҳалқаи муҳаббат, эҳтиром ва ғамхории ҷомеа қарор дошта бошанд. Зеро модар – сарчашмаи зиндагӣ, нерӯи бахшандаи ҳаёт ва рамзи ҷовидонаи муҳаббат мебошад.
Ҳусниддин Холзода,
cардори Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































