Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”
35

Чоп кардан

Бо мақсади арҷгузорӣ ба ҷойгоҳу мақоми волои зан — модар дар ҷомеа ва қадрдонии саҳми арзандаи занону бонувон дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, санаи 6-уми марти соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид.

 

Чорабиниро муовини якуми директори генералии корхона Даврон Шодмонбекзода бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон ҳамаи бонувони корхонаро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик намуд. Мавсуф таъкид кард, ки модар сарчашмаи ҳаёт, рамзи меҳру муҳаббат ва тарбиятгари насли оянда мебошад. Ҳамчунин аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба баланд бардоштани мақому манзалати занону модарон ёдовар гардид, саҳми онҳоро дар рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.

 

Сипас муовини директори генералии корхона Саидзода Раҳимҷон ба сухан баромада, зикр кард, ки зан – модар дар ташаккули ахлоқию маънавии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, маҳз меҳру ғамхории модар инсонро ба роҳи некӣ, инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят менамояд.

 

Ҳамзамон, роҳбари Дастгоҳи директори генералӣ Сироҷзода Эмомназар зимни суханронии худ иброз дошт, ки модар бузургтарин шахс дар ҳаёти ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Ӯ таъкид намуд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба модар яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги миллии мардуми тоҷик мебошад.

   

Дар идомаи чорабинӣ раиси Иттифоқи касабаи корхона Исроил Нуралиев зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки дастгирӣ ва қадршиносии занону модарон яке аз вазифаҳои муҳими ташкилоти касаба ба шумор меравад. Ӯ афзуд, ки занону бонувони корхона дар пешбурди фаъолияти самараноки корхона саҳми назаррас доранд.

 

Инчунин, сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнати корхона Кароматулло Саидов ба минбар баромада, зимни баромади худ таъкид намуд, ки бонувони корхона бо масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва маҳорати баланди касбӣ дар рушди соҳаи авиатсияи кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

   

Сипас сардори Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии корхона Пайрав Ҳусенов дар баромади худ иброз дошт, ки занону модарон дар баробари фаъолияти касбӣ дар тарбияи насли солиму созанда нақши муҳим доранд. Ӯ таъкид намуд, ки меҳнати софдилонаи бонувон дар пешрафти ҷомеа ва таҳкими арзишҳои инсонӣ аҳамияти бузург дорад.

Дар анҷоми чорабинӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамаи занону бонувони корхона ба муносибати Рӯзи Модар бо туҳфаҳои идона қадрдонӣ гардиданд.

 

         Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”