Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР
117

Чоп кардан

Модарони азиз, бонувони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён Шумо – модарону бонувони арҷмандро ба муносибати ҷашни муқаддасу пурифтихори Рӯзи Модар самимона табрик менамоям.

Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои басо гиромӣ ва пурмаъно дар кишвари маҳбубамон маҳсуб ёфта, рамзи арҷгузорӣ ба меҳру муҳаббат, фидокорӣ ва заҳмати бузурги модарон мебошад. Модар сарчашмаи ҳаёт, чароғи хонадон ва нерӯи илҳомбахши зиндагии ҳар як инсон аст.

Бо сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону модарон дар ҷомеа баланд гардида, барои фаъолияти созанда ва иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Боиси ифтихор аст, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” низ бонувони фаъолу соҳибтаҷриба бо меҳнати содиқона ва масъулиятшиносии баланд дар пешрафти фаъолият саҳми арзанда мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи модарони азиз ва бонувону хоҳарони гиромӣ тансиҳатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, рӯзгори пурфайзу баракат ва комёбиҳои нав ба навро таманно менамоям.

Иди Модар муборак, модарон ва бонувони азиз!

 

    Бо эҳтиром, директори генералии КВД Тоҷикаэронавигатсия  

                                 Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон