Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
16

Чоп кардан

Бо сабаби маҳдудиятҳои амалкунандаи фазои ҳавоӣ дар минтақаи Ховари Миёна, ширкати ҳавопаймоии “Somon Air” парвозҳоро дар масири Душанбе – Дубай – Душанбе то 6-уми марти соли 2026 муваққатан лағв намуд.

***

Мусофирони ҳавопаймои навъи Boeing 787-и ширкати “United Airlines” баъди рух додани сӯхтор дар яке аз муҳаррикҳо дар фурудгоҳи Лос-Анҷелес эвакуатсия карда шуданд. Хушбахтона, дар натиҷаи ҳодиса ягон нафар осеб надид.

***

1-уми марти соли 2026 дар Фурудгоҳи байналмилалии Форт-Лодердейл-Ҳолливуд ҳангоми омодагӣ ба парвози ширкати “JetBlue Airways” як мусофир таҳдиди таркишро ба миён гузошт. Бо тадбирҳои фаврӣ ӯ безарар гардонида шуда, касе осеб надидааст. 

***

2-юми марти соли 2026 Фурудгоҳи шаҳри Лондон расман машварати оммавиро оид ба пешниҳоди тағйири сохтори фазои ҳавоӣ барои ҷорӣ намудани усули нави фуруд бо кунҷи 4,49° оғоз намуд. Машварат то 17 майи соли 2026 идома ёфта, аз ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал оварда шудааст, то фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намоянд. Ташаббуси мазкур барои ҳавопаймоҳои навъи Airbus A320neo пешбинӣ гардида, ба рушди устувор бидуни афзоиши шумораи парвозҳо равона шудааст.

***

Ширкати ҳавопаймоии “Air Astana” барои харидории 25 адад ҳавопаймои Airbus A320neo фармоиши нав пешниҳод намуд.

***

Ширкати “Thai Airways International” тасдиқ кард, ки бо мақсади таҷдиди пурраи флоти худ иҷораи 10 адад ҳавопаймои Boeing 787-8-ро ба нақша гирифтааст.

***

Аз 1-уми марти соли 2026 дар Федератсияи Россия тартиби қоидаҳои парвозҳои ҳавоӣ ва баргардонидани чиптаҳо тағйир ёфт. Тағйироти нав доираи асосҳои баргардонидани маҷбурии чиптаҳоро васеъ намуда, муҳлатҳои мушаххаси хизматрасонӣ ба мусофиронро дар ҳолати таъхири парвоз муқаррар менамояд. Аз ҷумла, таъхири зиёда аз 30 дақиқа, анҷом ёфтани парвоз пеш аз вақти дар чипта нишондодашуда ва бемории хеши наздик (пештар танҳо узви оила) ҳамчун асос барои баргардонидани маблағ эътироф карда мешаванд.

***

Дар шаҳри Санкт-Петербург озмоишгоҳи ҳавопаймоҳои бесарнишин ифтитоҳ гардид. Ҳадафи асосии он ошкорсозии саривақтии ҳолатҳои фавқулода, назорати ҳаракати нақлиёт ва мониторинги инфрасохтор мебошад.

***

Дар моҳи марти соли ҷорӣ ширкати “British Airways” хизматрасонии интернетии Wi-Fi-и шабакаи “Starlink”-ро дар тамоми ҳавопаймоҳои худ дастрас менамояд.

***

Дар доираи навсозии парки ҳавопаймоҳо, ширкати “Delta Air Lines” барои харидории 34 адад ҳавопаймои Airbus A321neo фармоиши иловагӣ дод.

***

Бо мақсади рушди хизматрасонии техникӣ ба ҳавопаймоҳои Boeing 737, 757/767 ва 777, ширкатҳои “SCAT Airlines” ва “Boeing” дар шаҳри Шимкент санги асоси Маркази хизматрасонии техникӣ ва таъмирро гузоштанд.

***

 (Манбаъ: Somon Air, Aviation A2Z, Flight Global, Aviation Explorer, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/)