ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Аз 30 марти соли ҷорӣ, ширкати “Uzbekistan Airways” ба ҷои фурудгоҳи байналмилалии Пекин-Шоуду ба ва аз фурудгоҳи байналмилалии Дасинги Пекин (PKX) парвозҳо анҷом медиҳад.
***
23 феврали соли 2026, тӯфони зимистонаи Эрнандо дар шимолу шарқи ИМА боиси бекор гардидани беш аз 5600 парвоз шуд.
***
Фурудгоҳи Мюнхен пас аз он ки 600 мусофир шабро дар ҳавопаймоҳо бар асари бориши шадиди барф дармонда гузаронданд, узр пурсид. Тақрибан 600 мусофир шаби 19 ба 20 феврали соли 2026 маҷбур шуданд шабро дар шаш ҳавопаймои бекормонда дар фурудгоҳи Мюнхен (MUC) сипарӣ намоянд. Бориши шадиди барф фаъолияти фурудгоҳро халалдор карда, боиси таъхир ва бекоршавии зиёди парвозҳо гардид. Дар натиҷа мусофирон дар ҳавопаймоҳое, ки дар таваққуфгоҳҳои дурдаст ҷойгир буданд, бо хӯрок, об, кӯрпа ва шароити маҳдуди истироҳат таъмин гардиданд. Маъмурияти фурудгоҳ бо нашри изҳорот аз мусофирони осебдида узрхоҳӣ намуд.
***
Корҳои таъмирӣ дар фурудгоҳҳои Остона ва Чимкент баҳори соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудаанд. Тибқи иттилоъ, таъмир дар фурудгоҳи Остона аз 15 то 31 апрел ва дар Чимкент аз 28 то 30 апрел анҷом дода мешавад.
***
Ширкати “COMAC” барои суръат бахшидан ба густариши ҷаҳонии флоти ҳавопаймоҳои C909-и худ ба ширкати “Chengdu Airlines” 92 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ мекунад.
***
Пас аз нӯҳ моҳ ширкати “Azul”-и Бразилия аз муфлисшавии 3 миллиард доллари ИМА тибқи боби 11 берун гардида, аз ширкатҳои “American Airlines” ва “United Airlines” дастгирии молиявӣ дарёфт намуд.
***
Бахши “FalconWorks”-и ширкати “BAE Systems” пас аз созишномаи муваффақона дар заминаи ҳавопаймои бесарнишини T-150 ҳамкории худро бо шарики амрикоии худ — “Service Engineering” густариш медиҳад.
***
Дар натиҷаи нооромиҳо дар Мексика, ширкатҳои бузурги ҳавопаймоии ИМА, Канада ва Мексика парвозҳои худро ба ин кишвар муваққатан лағв намуданд.
***
21-уми феврали соли 2026, ширкатҳои “Adani Defence & Aerospace” ва “Embraer” Ёддошти тафоҳумро оид ба таъсиси хатти ниҳоии васлкунии (FAL) ҳавопаймои минтақавии E175 дар Ҳиндустон ба имзо расониданд.
***
Дар натиҷаи коҳиши талабот, ширкати “Air Transat” ҳамаи парвозҳои мунтазами худро ба ИМА аз моҳи июни соли 2026 қатъ менамояд.
***
Гарчанде ширкати ҳавопаймоии “Урал” нақшаи тамдиди муҳлати истифодаи ҳавопаймоҳои Airbus A320-и худро эълон намуд, истеҳсолкунанда изҳор доштааст, ки чунин ташаббусҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россияро дастгирӣ намекунад.
***
Тибқи иттилои сомонаи хабарии “Simply Flying” таҳлилҳои мутахассисон нишон медиҳанд, ки дар сурати баста шудани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ширкатҳои ҳавопаймоие, ки Аврупоро бо Осиё ва ИМА мепайванданд, ҷадвали парвозҳои худро тағйир медиҳанд. Дар натиҷа, тағйири масир метавонад барои ҳар як соати иловагии парвоз аз 6000 то 7500 доллари ИМА хароҷоти изофӣ ба бор оварад.
***
Дар пайи тӯфони зимистонаи Эрнандо бо бориши шадиди барф дар соҳили шарқии ИМА, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳазорҳо парвозро рӯзҳои шанбе ва якшанбе лағв карданд. Интизор меравад, ки тӯфон то рӯзи душанбе идома ёфта, фаъолияти муқаррарии фурудгоҳҳо аз рӯзи сешанбе барқарор гардад.
***
Мақомоти Молдова фармони дахлдорро оид ба тамдиди лағви парвозҳо аз 20 кишвар ва зиёда аз 200 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла Арманистон, Афғонистон, Ангола, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо, ба тасвиб расониданд.
***
(Манбаъ: Азия-Плюс, Aviation Source News, Simply Flying, Aviation Explorer, Aviation A2Z, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/)


































