Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

АРТИШИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ШУҶОАТ, МАРДОНАГӢ ВА КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР

АРТИШИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ШУҶОАТ, МАРДОНАГӢ ВА КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР
78

Чоп кардан

Санаи 20 феврали соли 2026 бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхона чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

 

Чорабиниро муовини аввали директори генералӣ корхона Даврон Шодмонбекзода ифтитоҳ намуда, аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон ҳозиринро ба муносибати ҷашни шуҷоат, мардонагӣ, садоқат ба Ватан ва миллат, инчунин устувории ирода табрику таҳният гуфт. Зикр гардид, ки новобаста ба он ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи ҳассосу пурпечутоб таъсис ёфтааст, дар ин се даҳсола ба як сохтори муназзам, устувор ва қобили ҳимоя табдил ёфтааст.

 

“Артиши миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ва ҳифзи истиқлолият мебошад. Дар солҳои аввали истиқлолият, дар шароити душвори таърихӣ, маҳз бо талошу роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба як сохтори муназзам табдил гардид. Мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасем ва саҳми худро дар таҳкими он гузорем”, - баён дошт роҳбари Дастгоҳи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия»” Сироҷзода Эмомназар.

 

Дар идома мутахассис оид ба кадрҳои Раёсати кадрҳо ва меҳнати корхона Ҳамида Почоева дар бораи нақши Артиши миллӣ дар ҷомеаи кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки расидан ба қадри истиқлол ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама моро ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои нав раҳнамун месозад.

 

“Хидмат ба Ватан яке аз нишонаҳои олии муҳаббат ва садоқат ба сарзамини аҷдодӣ мебошад. Албатта, на ҳар кас метавонад ба чунин масъулияти бузург шарафёб гардад. Сарбоз будан шарафи баланд ва вазифаи пурмасъулият аст. Мо бояд ҳамеша ба қадри заҳмату ҷоннисориҳои сарбозону афсарони худ бирасем”, - изҳор дошт дар маърӯзи худ Озода Холиқова.

 

Гулҷаҳон Давлатова оид ба саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими амният, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва оромии кишвар ибрози андеша намуда, зикр кард, ки имрӯз Артиши миллӣ бо мутахассисони соҳибихтисос, дорои донишу малакаи баланди касбӣ, инчунин техникаву таҷҳизоти муосир таъмин буда, ба неруи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки Артиши миллӣ имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлат, муҳофизи сулҳу ваҳдат ва якпорчагии марзу буми Тоҷикистон хизмат менамояд. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон дар симои Артиши миллӣ ҳомию муҳофизи худро дида, ба сӯи бунёдкорию созандагӣ қадам мегузоранд. Зеро Артиши миллӣ такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат буда, Ватани азизамонро содиқона муҳофизат мекунад.

Муқаддасу бегазанд, пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлол – ин дастоварди бузург ва неъмати бебаҳост, ки ҳифзу таҳкими он вазифаи давлат ва ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи ин марзу бум мебошад.

   

                                                                        Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”