ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз!
Афсарону сарбозони шуҷоъ!
Муҳтарам кормандони соҳаи аэронавигатсия!
Бо камоли эҳтиром ва ифтихори ватандорӣ Шумоёнро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар тӯли солҳои истиқлолият ба сипари боэътимоди давлату миллат табдил ёфта, рисолати муқаддаси худро –ҳифзи сулҳу субот, амният ва якпорчагии Ватан – содиқона иҷро намуда истодаанд. Шуҷоату ҷасорат, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва муҳаббати беандоза ба Ватан аз хислатҳои наҷиби ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба шумор меравад.
Имрӯз Артиши миллӣ бо такя ба сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат, дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар ва иродаи қавии афсарону сарбозон ба неруи пуриқтидоре табдил ёфтааст, ки оромию осоиштагии ҷомеаро таъмин менамояд. Қаҳрамонию фидокориҳои фарзандони далери миллат ҳамеша мояи ифтихору сарбаландии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” низ, ҳамчун як ҷузъи муҳими низоми авиатсионии мамлакат, бо эҳсоси баланди масъулият дар таъмини бехатарии ҳаракати ҳавопаймоҳо саҳмгузор буда, дар таҳкими амнияти фазои ҳавоии кишвар нақши арзанда доранд. Ҳифзи фазои осмонии Ватан ва таъмини фаъолияти мунтазами он ҳамқадами фаъолияти сохторҳои низомӣ буда, нишонаи ҳамбастагӣ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.
Ба тамоми афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамаи онҳое, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар саҳм доранд, тансиҳатӣ, иродаи қавӣ, рӯзгори обод ва сарбаландӣ таманно менамоям. Бигзор сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидона бошад!
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Бо эҳтиром, Лоиқ Бегиҷонзода директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































