БАРРАСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”
5 феврали соли 2026 дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш дар доираи Нақшаи хонишҳои идоравӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Масрур Назиров – сармутахассиси шуъбаи танзими фурудгоҳҳо ва аэронавигатсияи раёсати танзим ва стандартҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарият ва кормандони корхона иштирок намуданд.
Ҳамоишро муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аз нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ёдовар шуд. Қайд гардид, ки Паёми Президенти кишвар ҳамчун санади роҳнамо самтҳои афзалиятноки рушди давлат ва ҷомеаро муайян намуда, барои ҳар як корманди соҳа дастури амал дар фаъолияти ҳаррӯза мебошад.
Сипас, сардори шуъбаи шартномавӣ – ҳуқуқии корхона Шараф Иззатуллоев муҳтавои Паёмро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва амалисозии вазифаҳои дар назди сохторҳои давлатӣ гузошташуда таҳлил карда, таъкид намуд, ки татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба таҳкими фаъолияти соҳа ва рушди устувори корхона мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи ҳамоиш сардори раёсати кадрҳо ва меҳнати корхона Кароматулло Саидов вобаста ба масъалаҳои марбут ба соҳаи авиатсияи гражданӣ, бахусус рушди инфрасохтори фурудгоҳҳо ва хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, андешаронӣ намуд. Зикр гардид, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамчун корхонаи калидии таъминкунандаи хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ нақши муҳим дорад. Дар солҳои охир корхона навсозии марҳилавии таҷҳизоти аэронавигатсиониро амалӣ намуда, мутобиқсозии низомро ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи PBN, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба таври амалӣ роҳандозӣ кардааст. Барои соли 2026 низ ҷиҳати иҷрои супоришҳои дар Паём зикршуда як қатор тадбирҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки соҳаҳои маориф ва фарҳанг ҳамчун пояи рушди маънавию зеҳнии ҷомеа дар Паёми солонаи Пешвои миллат ҷойгоҳи муҳим доранд. Дар ин замина Афсаҳзода Аббос, муовини сардори Маркази таълимии авиатсионии корхона, масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва касбии кормандонро таҳлил намуда, зарурати пайваста такмил додани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии мутахассисонро таъкид кард.
Дар фарҷоми ҳамоиш зикр гардид, ки бо ибтикори роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҷиҳати татбиқи амалии вазифаҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гузошташуда, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегарданд. Кормандони корхона Паёми Пешвои миллатро ҳамчун дастури роҳнамо дар фаъолияти касбии худ истифода намуда, барои иҷрои босамари вазифаҳои гузошташуда ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар кӯшиши пайваста ба харҷ медиҳанд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































