Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
12

Чоп кардан

2-юми феврали соли 2026, ширкати “Airbus Helicopters” расман Маркази логистикии минтақавии Осиё ва Уқёнуси Оромро дар Сингапур ифтитоҳ намуд. Иншооти нав занҷираи таъминоти қисмҳои эҳтиётиро барои чархболҳои муштариён дар 21 кишвари минтақа тақвият медиҳад.

***

Бинобар қисман қатъ гардидани фаъолияти ҳукумати ИМА, ки 2 феврали соли 2026 оғоз шуд, Маъмурияти федералии авиатсияи граждании ИМА беш аз 10 000 кормандро ба рухсатии бемузд фиристод. Аммо амалиёти назорати ҳаракати ҳавоӣ ва дигар вазифаҳои муҳими бехатарӣ мувофиқи нақшаҳои фавқулодда идома доранд.

***

Пас аз иттилоъ оид ба нуқсони эҳтимолӣ дар тугмаи идоракунии таъминоти сӯзишворӣ, ширкати “Air India” парвози ҳавопаймоҳои Boeing 787-8 Dreamliner-ро қатъ намуд.

***

Аз моҳи июни соли 2026, ширкати “Singapore Airlines” парвози мустақимро аз Сингапур ба Риёз оғоз менамояд, ки дар як ҳафта 4 парвоз пешбинӣ шудааст.

***

Аз 2-юми июни соли 2026, ширкати “Air Astana” парвозҳоро аз Остона ва Алмаато ба Ларнака, Кипр оғоз менамояд.

***

Аз 1-уми марти соли 2026, ширкати “China Southern Airlines” парвозҳоро дар масири Боку – Урумчӣ оғоз менамояд, ки парвозҳо дар ин масир ҳафтае ду маротиба амалӣ мешаванд. Ҳамзамон, аз 21-уми марти соли ҷорӣ, ширкат парвозҳои Истанбул–Гуанчжоу, ки дар як ҳафта се маротиба буданд, ҳаррӯза анҷом медиҳад.

***

Пас аз се сол, аввалин парвози тиҷоратӣ ба Судон аз ҷониби ширкати “Sudan Airways” аз Порт-Судан ба Хартум амалӣ гардид.

***

Федератсияи Россия ва Афғонистон афзоиши шумораи парвозҳои мустақимро пешбинӣ менамоянд.

***

Ширкати “Boeing” нақша дорад, ки дар давоми ду сол истеҳсоли силсилавии ҳавопаймоҳои бесарнишини MQ-28-ро оғоз намояд.

*** 

Маъмурияти федералии авиатсияи граждании ИМА қоидаи ниҳоии нави худро нашр намуд, ки аз сабткунандагони маълумоти парвоз дар ҳавопаймоҳои нав талаб мекунад, ки 25 соат сабтҳои аудиоиро дар кабина сабт ва нигоҳ доранд. Ин тадбир марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.

***

(Манбаъ: Flight Global, Aviation Source News, Air Astana, Aviation Explorer, China Southern Airlines, AeroTime)