ҶАШНИ САДА, НИШОНАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ МЕРОСИ АҶДОДӢ
Ҷашни Сада яке аз куҳантарин ва пурмуҳтавотарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор рафта, реша дар таърихи бисёрҳазорсолаи тамаддуни ориёӣ дорад. Ин ҷашн рамзи пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва умеди инсон ба идомаи зиндагӣ мебошад. Сада ҳамасола дар фасли зимистон, панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил гардида, аз наздик шудани баҳор ва эҳёи табиат дарак медиҳад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ Сада бо кашфи оташ ва оғози давраи нави зиндагии инсон робитаи зич дорад. Оташ дар фарҳанги ниёгони мо нишонаи рӯшноӣ, покӣ, ҳаёт ва ҳифз аз сармо дониста мешуд. Аз ин рӯ, афрӯхтани оташ дар рӯзи Сада маънои рамзӣ дошта, мардум бо шодӣ ва ниятҳои нек гирди он ҷамъ меомаданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё, ҳифз ва гиромидошти ҷашнҳои бостонии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки ҷашнҳои суннатии халқ аз ҷумлаи сарчашмаҳои муҳими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошанд. Чунончи, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд:
“Ҷашну ойинҳои миллӣ таҷассумгари таъриху фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва ормонҳои халқ буда, онҳо барои таҳкими худогоҳии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши муҳим доранд”.
Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ҷашнҳои бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада, пас аз солҳои тӯлонӣ дубора эҳё гардида, ба ҳаёти фарҳангии ҷомеа ворид шуданд. Ин иқдом на танҳо ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ мусоидат намуд, балки робитаи маънавии наслҳои имрӯзаро бо гузаштаи пурифтихори аҷдодӣ тақвият бахшид.
Имрӯз таҷлили ҷашни Сада дар Тоҷикистон ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва суннатҳои ниёгон сурат мегирад. Ин ҷашн мардумро ба дӯст доштани табиат, меҳнати созанда, ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ даъват менамояд. Сада ҳамзамон ифодаи сиёсати фарҳангии давлат буда, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибтамаддун ба арзишҳои таърихии худ эҳтиром мегузорад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳифз ва рушди ҷашнҳои бостонӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад. Маҳз тавассути чунин ҷашнҳо насли ҷавон ба решаҳои таърихии худ ошно гардида, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро дар худ парвариш менамояд. Ҷашни Сада ҳамчун рамзи нур, гармӣ ва зиндагисозӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз дубора ҷойгоҳи шоистаи худро дар фарҳанги миллии тоҷикон пайдо кардааст.
Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими соҳаи авиатсияи граждании кишвар, дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи давлат пайваста ба гиромидошт ва тарғиби ҷашнҳои миллӣ ва суннатҳои неки аҷдодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Корхона бо арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик ва дастгирии иқдомҳои маърифатӣ, дар таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маънавии кормандон саҳми назаррас мегузорад.
Холзода Ҳуснидин Иброн
Сардори Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































