Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТЕРРОРИЗМ - ХАТАРИ ФАРОМИЛЛӢ ВА ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

ТЕРРОРИЗМ - ХАТАРИ ФАРОМИЛЛӢ ВА ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕА
30

Чоп кардан

Дар ҷаҳони имрӯза терроризм яке аз хатарноктарин зуҳуроти аср ба шумор рафта, ба амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд. Ин падидаи хатарнок, ки ҳеҷ марзу ҳудудро эътироф намекунад, бо истифода аз зӯроварӣ ва фишори равонӣ суботу оромии ҷомеаҳоро ба таври ҷиддӣ халалдор месозад. Терроризм ҳамчун шакли ифротии зӯроварӣ, пеш аз ҳама, ба ҷони инсонҳои бегуноҳ таҳдид мекунад. Амалҳои террористӣ боиси талафоти ҷонӣ, хароб шудани инфрасохтори муҳим ва ба вуҷуд омадани нооромӣ дар ҷомеа мегарданд, ки дар натиҷа ҳисси амният ва боварии мардум ба ҳифзи ҷони худ заъиф мешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аксари қурбониёни чунин амалҳо шаҳрвандони бегуноҳ ва осоишта мебошанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм хатаре мебошанд, ки ба тамаддун ва арзишҳои умумибашарӣ таҳдид карда, мубориза бо онҳо бояд дар асоси ҳамкории густурдаи байналмилалӣ, ҳамоҳангии сиёсӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ба роҳ монда шавад. Ин мавқеи устувор дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати амниятӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пешгирии паҳншавии андешаҳои ифротгаро, таҳкими суботи ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва маърифатӣ пайваста амалӣ мегарданд.

Нақши муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо дар ин раванд басо муҳим аст. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, таҳкими худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсӣ, махсусан миёни ҷавонон, аз ҷумлаи омилҳои асосии муқовимати муассир ба ин таҳдиди хатарнок маҳсуб меёбанд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди огоҳ бояд дарк намояд, ки мубориза бо терроризм танҳо вазифаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти умумии ҷомеа мебошад. Танҳо тавассути ҳамбастагӣ, огоҳӣ ва эҳтиром ба қонун метавон сулҳу субот ва амнияти пойдорро таъмин намуд.

Терроризм ҳамчун падидаи хатарнок ва ғайриинсонӣ душмани воқеии инсоният ба ҳисоб рафта, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ шароит наметавонад ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ё дигар манфиатҳо қабул гардад. Ин гуна амалҳо на танҳо ҷони одамони бегуноҳро зери хатар мегузоранд, балки ба суботу амнияти ҷомеаҳо зарбаи ҷиддӣ мерасонанд ва арзишҳои асосии инсондӯстиро поймол мекунанд.

Дар чунин шароит, муҳимтарин ва самараноктарин посух ба терроризм таҳкими ваҳдати миллӣ, нигоҳдории суботи ҷомеа ва густариши ҳамкории созанда миёни давлат, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагӣ метавон ба ин хатари ҷаҳонӣ муқовимати муассир нишон дод ва ояндаи амну осоиштаро таъмин намуд.


Ҳусниддин Холзода

 сардори Маркази матбуоти

 КВД “Тоҷикаэронавигатсия”