ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Аз 26-ум то 28-уми майи соли 2026 дар шаҳри Монреали Канада Ҳафтаи иқлими ICAO – “Aviation Climate Week” баргузор мегардад. Дар ин чорабинии экологӣ иштирокчиён масъалаҳои пешбурди амалҳои иқлимиро дар соҳаи авиатсия баррасӣ менамоянд.
***
IATA иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкории самаранок, мубодилаи маълумот, афзоиши шаффофият ва коҳиш додани равандҳои дастӣ, аз моҳи январи соли ҷорӣ “ONE Record” ба стандарти мубодилаи маълумот барои боркашонии ҳавоӣ табдил ёфт.
IATA ONE Record стандарти маълумотии насли оянда барои саноати боркашонии ҳавоӣ буда, барои занҷираи пурраи рақамии таъминот тарҳрезӣ шудааст. Ин стандарт мубодилаи бефосила, бехатар ва шаффофи маълумотро тавассути API байни интиқолдиҳандагон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, экспедиторҳо ва мақомоти гумрукӣ таъмин намуда, самаранокӣ, назорат ва навовариро афзоиш медиҳад.
***
Бо мақсади коҳиш додани низоъ миёни мусофирон ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз аввали моҳи марти соли 2026 дар Федератсияи Россия қоидаҳои нав ҷорӣ мегарданд. Тибқи ин қоидаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд мусофиронро пешакӣ дар бораи шароити парвоз, тартиби иваз кардани чипта ва баргардонидани маблағ дар сурати бекор кардани парвоз огоҳ намоянд.
Меъёри мушаххас барои таъхири парвоз зиёда аз 30 дақиқа аз вақти дар чипта нишондодашуда ҷорӣ карда мешавад, ки тибқи он мусофир ҳуқуқ дорад маблағро баргардонида гирад. Ҳамзамон, ӯҳдадориҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати таъмини мусофирон бо об, хӯрок ва ҷои зист ҳангоми таъхири парвоз муфассал шарҳ дода шудаанд.
Тибқи қоидаҳои нав, ширкатҳои интиқолдиҳанда бояд кӯдакони то 12-сола ва ҳамроҳони онҳоро дар курсиҳои ҳамшафати ҳавопаймо бидуни пардохти иловагӣ ҷойгир намоянд. Дар ҳуҷҷат тартиби пешниҳоди чунин курсиҳо ба таври возеҳ тавсиф шудааст.
***
Тибқи изҳороти Мақомоти танзимкунандаи нақлиёти Шветсия, пастравии иқтисодӣ дар якҷоягӣ бо болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймо – қисман бинобар андозбандии ҳавоӣ ва рақобат бо нақлиёти роҳи оҳан – боиси тақрибан ду баробар коҳиш ёфтани шумораи мусофирони парвозҳои дохилӣ дар муқоиса бо сатҳи пеш аз пандемия гардидааст.
***
Дар натиҷаи лағви парвозҳо, ки моҳи декабри соли 2025 ба миён омаданд, Мақомоти танзимкунандаи Ҳиндустон ширкати “IndiGo”-ро ба маблағи 222 миллион рупия (2,45 миллион доллари ИМА) ҷарима намуда, ба роҳбарияти олии ширкат огоҳӣ ирсол карданд.
***
18-уми январи соли 2026 ҳангоми фуруд чархи қисми пеши ҳавопаймои Airbus A321neo-и ширкати “United Airlines” дар Фурудгоҳи байналмилалии Орландо (MCO) аз кор баромад. Бар асари ин ҳодиса ба касе осеб нарасид.
***
Аз 2-юми апрели соли ҷорӣ ширкати “Emirates” дар як ҳафта чор парвози иловагиро дар масири Дубай–Манила роҳандозӣ менамояд. Бо ин ҳисоб, шумораи умумии парвозҳои ҳафтаинаи ширкат ба Филиппин ба 32 адад мерасад.
***
Ширкати “AirAsia X” харидории ширкати “AirAsia”-ро аз гурӯҳи “Capital A” анҷом дод.
***
Танзимгарони авиатсияи аврупоӣ озмоиши парвози ҳавопаймои COMAC C919-и истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар шаҳри Шанхай оғоз намуданд. Ин иқдом як қадами муҳим дар самти гирифтани сертификатсияи бехатарӣ аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ ба ҳисоб меравад.
***
(Манбаъ: ICAO, IATA, Aviation Explorer, Simple Flying, Flight Global, Buying Business Travel Russia, Aerospace Global News, Aviation Source News)


































