Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
30

Чоп кардан

Аз 1-уми январи соли 2026 татбиқи талаботи нави ҳатмии вуруд барои шаҳрвандони хориҷӣ оид ба суғуртаи тиббии Ҷумҳурии Гурҷистон оғоз ёфт. Суғуртаи ҳатмии тиббӣ бояд бо забони англисӣ ё гурҷӣ тартиб дода шуда, тамоми давраи будубош дар Гурҷистонро фаро гирад.

***

Бо мақсади иваз намудани 612 адад радари кӯҳнаи назоратӣ дар шабакаи идоракунии ҳаракати ҳавоии ИМА, дар доираи барномаи муосиргардонӣ, Ҳукумати ИМА бо ширкатҳои “RTX” ва “Indra Group” шартномаҳо ба маблағи 31,5 миллиард доллари ИМА ба имзо расонид.

***

Дар доираи ҷорӣ намудани спектри иловагӣ барои шабакаҳои мобилии 5G дар банди болоии C дар солҳои 2029 ва 2032, Маъмурияти федералии авиатсияи граждании ИМА (FAA) лоиҳаи қоидаҳоро нашр кард, ки тибқи он, операторон вазифадоранд, ки алтиметрҳои радиои худро дубора муосир гардонанд.

***

5 январи соли 2026, ширкати “STARLUX” аз Тайван аввалин ҳавопаймои Airbus A350-1000-и худро аз Тулузаи Фаронса ба флоти худ интиқол дод.

***

Аз 29 марти соли 2026, ширкати “Pakistan International Airlines” парвозҳои мустақим миёни Исломобод ва Фурудгоҳи Ҳитроуи Лондонро оғоз менамояд.

***

Ширкати “Hawaiian Airlines” барномаи панҷсолаи сармоягузориро бо арзиши 600 миллион доллари ИМА муаррифӣ намуд, ки ба муосиргардонии фурудгоҳҳо, васеъсозии флоти ҳавопаймоӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти таъмини сӯзишвории устувори авиатсионӣ ва таҳияи системаҳои гибридии барқӣ барои парвозҳои байниҷазираҳо равона шудааст.

***

Ширкати “Air China” фурӯши қисме аз саҳмияҳои худро ба ширкати “Cathay Pacific” дар назар дорад.

***

Тибқи гузориши “Bloomberg”, ширкати “Airbus” нақшаи солонаи таҳвили худро дар соли тақвимии 2025 каме барзиёд иҷро намуда, 793 адад ҳавопайморо таҳвил дод.

***

Ширкати “Hindustan Aeronautics” (HAL) парвози озмоишии намунаи нави чархболи граждании “Dhruv Advanced Light Helicopter”-ро анҷом дод, ки бо вазни 5,5 тонна ва муҳаррикҳои ватанӣ таҳия шуда, бо системаҳои беҳтаршудаи бехатарӣ муҷаҳҳаз мебошад.

***

Ширкати “Thai Airways International” аввалин ҳавопаймои Airbus A321neo-ро дастрас намуда, аз 22 январи соли 2026 парвозҳоро миёни Бангкок ва Сингапур оғоз менамояд.

***

4-уми январи соли 2026, дар натиҷаи қатъ шудани басомадҳои радиоӣ, хизматрасонии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар фазои ҳавоии Юнон қатъ гардид. Мақомот эҳтимоли ҳамлаи кибериро рад намуда, ҳолати баамаломадаро ҳамчун мушкили эҳтимолии таҷҳизоти кӯҳна арзёбӣ карданд.

***

Ширкати “Cirium” гузориши худро оид ба парвозҳои саривақтии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар соли 2025 нашр намуд. Тибқи он, ширкати “Aeromexico”-и Мексика бо 90,02% дар мақоми аввал, ширкати “Saudia” бо 86,53% дар мақоми дуюм ва ширкати “SAS” бо 86,09% дар мақоми сеюм қарор доранд.

***

Ширкати “China Southern Airlines” парвозҳои иловагии ҳаррӯзаро дар масири Куала-Лумпур - Гуанчжоу роҳандозӣ намуд.

***

(Манбаъ: Flight Global, Simple flying, Aviation Source News, Aviation A2Z, China Southern Airlines)