ФУРУДГОҲҲО-ДАРВОЗАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА ПАЙВАНДИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАҲОН
Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва дурнамонумо барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар ба шумор меравад. Дар миёни бахшҳои муҳими зикршуда, масъалаи рушди инфрасохтор -бахусус роҳҳо, энергетика ва нақлиёт- бо таваҷҷуҳи хоса матраҳ гардид.
Пешвои миллат бо як назари амиқ ба нақши инфрасохтор дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таъкид карданд, ки бе роҳҳои босифат, бидуни шабакаи пешрафтаи нақлиёт ва бе энергияи устувор, ҳеҷ як ҷомеа наметавонад ба тараққиёт ноил гардад. Инфрасохтори муосир танҳо роҳи пайванд нест, балки заминаи рушд, субот ва амнияти ҷомеа мебошад. Он шароити мусоид барои густариши соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамгироии иқтисодии кишварро фароҳам меорад.
Дар ин радиф, нақши фурудгоҳҳо ва нақлиёти ҳавоӣ ҳамчун яке аз сутунҳои муҳими иқтисоди миллӣ бо самимият ва дарки баланди воқеият нишон дода шуд. Фурудгоҳҳо имрӯз дигар танҳо макони фуруд ва парвоз нестанд. Онҳо ба рамзи ифтихори давлат, парчами рӯи замини миллат ва навъе аз намоишгоҳи обруи кишвар табдил ёфтаанд. Меҳмони хориҷӣ ё ҳамватани дурбуда аввалин рӯ ба рӯиро бо давлат маҳз дар фурудгоҳ эҳсос мекунад. Аз ин рӯ, ҳар гӯшаи он, ҳар хизматрасонии он бояд ифодагари чеҳраи воқеии Тоҷикистони навин бошад.
Навсозии фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар-ин як иқдоми одии сохтмонӣ нест, балки оғози як таҳаввули амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Тоҷикистон тавассути фурудгоҳҳои муосир метавонад ба дунёи иқтисодии беруна бо дасту дили боз барояд. Бо фароҳамсозии шароити муосири парвоз ва фуруд, мо на танҳо амнияти авиатсионӣ ва сифати хизматрасониро беҳтар менамоем, балки роҳи ворид гардидани сармоя ва сайёҳонро низ ҳамвор месозем.
Дар ҳақиқат, ҳар як ҳавопаймое, ки ба фазои Тоҷикистон ворид мешавад ё аз онҷо парвоз мекунад, танҳо воситаи нақлиёт нест. Он рамзи равобити Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷаҳони мутамаддин ва нишонаи пайванди устувори он бо кишварҳои дуру наздик мебошад. Тоҷикистон дигар як кишвари канора нест, балки узви фаъол ва боэътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳар лаҳзаи беҳбуд бахшидан ба соҳаи авиатсия-сармоягузорӣ ба обрӯи давлатӣ, эътимоди мардум ва нуфузи байналмилалист.
Иқдоми Пешвои миллат дар самти рушди инфрасохтор - махсусан, таваҷҷуҳи доимӣ ба фурудгоҳҳо, далели равшани он аст, ки Тоҷикистон барои дунё боз аст. Бо навсозии дарвозаҳои ҳавоии кишвар, мо на танҳо равуои мардумро осон мекунем, балки фазои иқтисодии давлатро барои ҳамкорӣ, барои рушд ва барои пешрафт боз мегузорем.
Имрӯз ҳар боре, ки ҳавопаймое аз хоки Тоҷикистон бо шукӯҳ баланд мешавад, он на танҳо як парвоз, балки паёми умеди миллат, рамзи пешрафт ва ояндаи рӯшан аст.
Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои дурахшон ва ҷомеаи пешрафта бо устуворӣ пеш меравад. Дар ин масири рушд, ҳар фурудгоҳ, ҳар парвоз ва ҳар меҳмони хушсирате, ки ба кишвар ворид мегардад, шоҳиди зиндаи пешрафтҳои муҳими мамлакат ва нишони равшани шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ҳусниддин Холзода
сардори Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































