Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
25

Чоп кардан

Тибқи тадқиқоти “Бозори ҷаҳонии парвозҳои чартерӣ 2025-2034”, бозори ҷаҳонии парвозҳои чартерӣ то соли 2029 аз 138 миллиард доллари ИМА зиёд хоҳад шуд, ки нақши афзояндаи ин бахшро дар хизматрасонии авиатсия ва нақлиёт нишон медиҳад. Мутахассисон пешбинӣ менамоянд, ки то соли 2029 саҳми парвозҳои чартерӣ тақрибан 10 фоизи бозори умумиро ташкил дода, ҳаҷми он ба тақрибан 1,37 триллион доллар мерасад.

***

Ширкати истеҳсоли муҳаррикҳои ҳавопаймоии Британияи Кабир – “Rolls-Royce” – Ҳиндустонро ҳамчун бозори сеюми дохилии худ берун аз Британияи Кабир пешбинӣ менамояд. Тибқи нақшаи ширкати мазкур, сармоягузориҳои бузург барои таҳияи муҳаррики насли оянда баррасӣ мешаванд. Дар айни замон, бозорҳои асосии дигари ширкат Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Олмон мебошанд.

***

Тибқи иттилои Фонди сармоягузории Қазоқистон, нархи фурӯши саҳмияҳои назоратии ширкати “Qazak Air” 1,02 миллиард тенге (2 миллион доллари ИМА) муқаррар шудааст.

***

Бо мақсади анҷом додани парвозҳои тадқиқотии ҳавопаймои барқии дорои парвоз ва фуруди амудӣ (eVTOL) бо номи “F1”, ширкати “Honda” ба Идораи федералии авиатсияи граждании ИМА дархост пешниҳод намуд.

***

Ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Мардумии Чин – “Spring Airlines” ва “Juneyao Air” – созишномаҳо оид ба харидории ҳавопаймоҳои Airbus A320neo-ро имзо намуданд.

***

Бо мақсади дастгирии кормандони худ, ширкати “IndiGo” музди меҳнати сарнишинонро аз 1-уми январи соли 2026 афзоиш медиҳад.

***

Маъмурияти федералии авиатсияи граждании ИМА (FAA) аз ҳавопаймои Airbus A350 талаб намуд, ки нармафзори навшудаи системаи идоракунии парвоз насб карда шавад.

***

Ҷумҳурии Мардумии Чин ният дорад бо Федератсияи Россия ҳамкориро дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва системаҳои электронии ҳавопаймоӣ роҳандозӣ намояд.

***

31-уми марти соли 2026, ширкати “S7 Airlines” парвозҳоро аз шаҳри Новосибирск ба Ашқобод – пойтахти Туркманистон, оғоз мекунад.

***

27 декабри соли ҷорӣ, ширкати “Oman Air” аввалин парвози худро аз Маскав ба Салолаи Умон анҷом дод.

***

Бо сабаби афзоиши шумораи мусофирон дар рӯзҳои идҳои Соли нав, Фурудгоҳи байналмилалии Алмаато 29 декабри соли 2025 аз мусофирон дархост намуд, ки ҳадди аққал ду соат пеш аз парвоз ба фурудгоҳ ҳозир шуда, қоидаҳои муқарраршуда ва дастурҳои кормандони фурудгоҳро риоя намоянд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Flight Global, Simple Flying, https://news.mail.ru/tag/306/, AviationSource News)