Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
257

Чоп кардан

Дар толори маҷлисии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаи таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро муовини аввали Директори генералӣ Д.Шодмонбекзода оғоз намуда аҳли кормандонро аз номи  Роҳбарияти корхона табрик намуданд.

Зимни суханронӣ Д. Шодмонбекзода паёми табрикотии Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Л. Бегиҷонзодаро  ба саҳми кормандон  расонид, ки дар он чунин таъкид мешуд – “Интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як нерӯи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз, ба Ҷаноби Олӣ муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллӣ ва меҳвари  мактаби навини давлатдории миллии тоҷикон ба вуҷуд оварад”.

Илова ба он ёдовар шудан ба маврид аст, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ  интихоб гардида барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллию сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Дар идомаи кори ҷаласа баромади мутахассиси Шуъбаи ҳуқуқиву шартномавӣ Д. Воҳидов оид ба ҷамъбаҳои қонунии таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди давлатсозии навин шунида шуд.

Дар интиҳо миёни Роҳбарият ва аҳли нишаст мубодилаи афкор доир ба мавзӯъ сурат гирифта ба кори ҷаласа хотима бахшиданд.