Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН

САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН
17

Чоп кардан

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Император барои пазироии самимӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ изҳори сипос намуданд.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон имрӯз доираи васеи ҳамкориро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо фаро мегиранд. 

Дастгирии Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёнаи бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзию экологӣ, инчунин, омодасозии захираҳои инсонӣ, тандурустиву беҳдошт, таъкид гардид. 

Оид ба дигар масъалаҳои ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд табодули андеша сурат гирифт.

 

20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонум Санаэ Такаичи барои пазироии самимӣ ва дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо ҳамкории ду давлатро баррасӣ карданд.

Ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ, рушди муколамаи байнипарлумонӣ ва фаъолияти муассири Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ дар Тоҷикистон аз мавзуъоти муҳими мулоқот буд. 

Оид ба ҷалби сармояву технологияҳо ва қарзҳои имтиёзноки Ҷопон, иштироки ширкатҳои пешрафтаи ҷопонӣ барои ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ дар соҳаҳои электроника, нақлиёти автомобилӣ, дорӯсозӣ, коркарди маъдан ва кишоварзӣ табодули андеша сурат гирифт.

Пешниҳод гардид, ки Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои се соли оянда (2026-2028) қабул карда шавад.

Ба ҳамкорӣ дар соҳаи “иқтисоди рақамӣ” ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҷалби ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо, таъсиси  корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои коркарди пахта, пилла, сабзавоту меваҷот ва растаниҳои шифобахш зарур шумурда шуд. 

Соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва истироҳатӣ, бахшҳои фарҳангию башарӣ, бахусус маориф аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Барои зиёд кардани ҳиссаи бурсияҳо оид ба омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои тиб, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи муҳити зист изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҳамкории фаъоли Тоҷикистону Ҷопон дар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар дар доираи онҳо таъкид гардид.

Гуфта шуд, ки мо кишварҳои Осиёи Шарқиро ба ҳайси шарикони муҳим дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ ва мубориза бо бемориҳо мешиносем.

Дар фароварди суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷопон даъват намуданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

 

20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон дар Ҳамоиши муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ аз татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, зерсохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, экология, тандурустӣ, маориф ва беҳдошт миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Бо дарназардошти аҳамияти калидии иқтисоди “сабз” барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷалби сармоя ва технологияи Япония барои татбиқи стратегияҳои кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетикаи “сабз”, аз ҷумла аз худ намудани иқтидори гидроэнергетикӣ ва ҳамчунин, ба бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон истиқбол намуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин самт, дар кишвари мо сиёсати гузариш ба саноати “сабз”, ҳамчунин, мавриди истифода қарор додани технологияҳои инноватсионӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бахшҳои калидии истеҳсолот ба таври фаъол пеш бурда мешавад.

Таъкид гардид, ки дар шароити воқеиятҳои нави иқтисодӣ, робитаҳои саноатӣ ва ҳамкории байниҳамдигарии сохторҳои соҳибкорӣ, бешубҳа, бояд ба рушди минбаъда ва таъмини суботи иқтисодии давлатҳои мо нигаронида шаванд.

Саҳми Ҷопон дар татбиқи тарҳҳои хурду миёна дар кишвари мо баланд арзёбӣ карда шуда, иштироки Ҷопон дар амалӣ сохтани тарҳҳои калонҳаҷм дар Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад, зарур шумурда шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гидроэнергетика, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, химиё ва дорусозӣ, мошинсозӣ ва металлургияро аз бахшҳои афзалиятнок номиданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти захираҳои зиёди табиӣ, омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории васеъ бо шарикони ҷопонии худ дар кори истихроҷ ва коркарди онҳо иброз доштанд.

Ба масъалаи тағйирёбии иқлим, обхезӣ, хушксолӣ, тӯфонҳои чангу ғубор, сел ва тахриби экосистемаҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

“Мо хуб дарк менамоем, ки ҳифзи захираҳои об ҳамчун манбаи ҳаёт, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва рушди устувор то кадом андоза муҳим аст”, иброз доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин зимн гуфта шуд, ки кишвари мо дар пешбурди дипломатияи об пешсаф мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи кишварҳои манфиатдор даъват намуданд, то дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланди дар доираи “Раванди обии Душанбе” моҳи майи соли 2026 баргузоршаванда, фаъолона ширкат варзанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо барои ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, коркарди партовҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим манфиатдорем.

Зикр гардид, ки кишвари мо ба технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос дорад, чун ин соҳаҳо барои анҷоми таҳқиқоти илмӣ, назорати муҳити зист ва беҳбуди сифати мудирияти захираҳо уфуқҳои нав боз мекунанд.

Дар робита ба ташаббуси кишвари мо оид ба қабули Қатъномаи махсуси СММ зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” мусоидату дастгирии Ҷопон ва дигар кишварҳои шарик мувофиқи матлаб дониста шуд. 

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ, ба рушди логистика ва пайвастагии нақлиётӣ аҳаммияти хоса медиҳад.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки такмили зерсохтори роҳҳои мошингард ва оҳан, густариши робитаҳои ҳавоӣ ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рақамии логистикӣ - ин ҳама барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва иқтисодиёт дар минтақа фурсатҳои нав фароҳам меоварад.

Пешниҳод гардид, ки барои рушди ҳамлу нақли транзитии борҳо бунёди марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Шимол ва Ҷануби кишвар ҳам марказҳои логистикӣ сохта шаванд ва ҳам маҷмааҳои агрологистикӣ бунёд гарданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷопонро шарики боэътимоди Тоҷикистон дар таълиму тарбияи кадрҳо тавассути барномаҳои ҶАЙКА (JICA) ва бурсияҳои Ҷей-Ди-Эс (JDS) номиданд.

Барои густариши ҳамкории босамар бо Ҷопон як қатор самтҳо муайян ва пешниҳод карда шуд, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, таълиму тарбияи кадрҳои техникӣ дар бахшҳои саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, таъсиси озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба гидроэнергетика, кишоварзии устувор ва идораи таҳдидҳои табиӣ.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тамоми пешниҳодҳои имрӯз дар Ҳамоиш ироашуда, талоши дастҷамъонаи моро барои сулҳ, субот, эҳтироми якдигар ва рушди устувор инъикос менамоянд.

 
                                                                                             https://www.president.tj/