Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МУТАХАССИСОНИ ТОҶИК ДАР ЧИН: ҚАДАМЕ УСТУВОР БА СӮИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ

МУТАХАССИСОНИ ТОҶИК ДАР ЧИН: ҚАДАМЕ УСТУВОР БА СӮИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ
16

Чоп кардан

Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, бо мақсади такмили дониш, мубодилаи таҷриба ва дарёфти сертификатҳои соҳавӣ, гурӯҳи мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоии минтақаи Синтзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари омӯзишӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни омӯзиш, кормандон аз наздик бо таҷрибаи пешқадам, технологияҳои навин ва методикаҳои муосири идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, ки дар низоми аэронавигатсионии Чин амалӣ мешаванд, шинос шуданд. Ин имконият барои такмили малака ва истифодаи таҷрибаҳои муосир дар низоми аэронавигатсияи Тоҷикистон заминаи муҳим мегузорад.

Ташкили чунин омӯзишҳо дар марказҳои таълимии авиатсионии Чин, имкони васеи мубодилаи таҷриба ва дар оянда, баланд бардоштани сатҳи бехатарии парвозҳоро фароҳам месозад.

Баъд аз анҷоми омӯзиш, мутахассисони тоҷик бо сертификатҳои дахлдор қадршиносӣ гардиданд. Ин омодагӣ ва шомилшавӣ ба курсҳо, дар заминаи талаботи байналмилалӣ, бахусус мутобиқ ба стандартҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) сурат гирифта, ба таҳкими қобилияти касбии мутахассисон ва ҷавобгӯ будани хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ равона шудааст.

   

                                                                                   Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”