ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Рӯзи 17-ум ва 24-уми декабри соли 2025, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои чартериро дар масири Душанбе – Исломобод – Душанбе пешниҳод мекунад.
***
Дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Толука, воқеъ дар иёлоти Мексика, ҳавопаймои тиҷоратии “Cessna Citation III” суқут намуд. Тибқи иттилои пешакӣ, дар натиҷаи ин садама шаш нафар ҳалок шудаанд.
***
Ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои барқии парвозу фуруди амудӣ (eVTOL) “Archer Aviation” ифтитоҳи корхонаи фаръии нави муҳандисиро дар ҷанубу ғарбии Англия пешбинӣ менамояд. Диққати асосии корхона ба дастгирии лоиҳаи NYX-и Артиши Британияи Кабир ва барномаи таҳияи платформаи мошинҳои заминии худкори Вазорати дифоъ равона мешавад.
***
Ширкати “Southwest Airlines”-и Техас дар моҳи марти соли 2026 дар Фурудгоҳи байналмилалии Остин-Бергстром иншооти наверо барои сарнишинон ва роҳбаладон ифтитоҳ хоҳад кард. Дар он беш аз 2000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
***
Ҳиндустон ва Федератсияи Россия Созишномаи нави логистикии авиатсиониро ба имзо расониданд. Ин созиш дастрасии муштарак ба пойгоҳҳои ҳавоиро фароҳам оварда, ҳамкориҳоро дар соҳаи дифоъ тақвият медиҳад. Дар доираи ҳуҷҷати мазкур, ҳавопаймоҳо, киштиҳо ва нерӯҳои низомии ҳар ду кишвар имкони истифодаи пойгоҳҳо, аэродромҳо ва бандарҳои якдигарро пайдо мекунанд.
***
16 декабри соли ҷорӣ, нахустин намунаи насли шашуми стартапи таксиҳои ҳавоии “Wisk Aero” парвози кӯтоҳмуддати ҳавоиро бомуваффақият анҷом дод.
***
Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Владимир (ВлСУ) бозии воқеияти виртуалиро таҳия менамоянд, ки ба парвози кайҳонии Юрий Гагарин бахшида шудааст. Анҷоми ин лоиҳа то охири соли 2026 пешбинӣ мегардад.
***
Ҳукумати Канада бо ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои Канада — “Bombardier” созишнома ба имзо расонид. Мувофиқи он, Канада шаш адад ҳавопаймои “Global 6500”-ро ба маблағи тахминан 550 миллион доллари Канада (400 миллион доллари ИМА) харидорӣ менамояд. Ин ҳавопаймоҳо барои дастгирии Нерӯҳои ҳавоии Шоҳигарии Канада дар парвозҳои хизматрасонӣ дар саросари ҷаҳон, эвакуатсияи тиббӣ, рафъи офатҳои табиӣ ва кумакҳои башардӯстона истифода хоҳанд шуд.
***
Ширкати “Turkish Airlines” парвозҳоро аз Истанбул ба шаҳри Пномпен оғоз намуд.
***
Ширкати “Hawaiian Airlines” расман аз 22-юми апрели соли 2026 ба иттиҳодияи байналмилалии “Oneworld” ҳамроҳ мешавад. Узвият дар ин иттиҳодия барои муштариёни ширкат имкониятҳо ва имтиёзҳои фаровон фароҳам хоҳад овард.
***
Хизматрасонии Wi-Fi-и ширкати “Starlink” дар чаҳор адад ҳавопаймои Embraer E175-и ширкати “Alaska Airlines” фаъол гардид.
***
(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, Aerospace Global News, Flight Global, Simple Flying)


































