ИФТИТОҲИ ЯК ЗУМРА ИНШООТИ ТАЪЙИНОТИ ГУНОГУН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюмин Проф бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшиданд.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 августи соли 2021 зимни ифтитоҳи марҳилаи якум ба бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузошта буданд.
Аснои боздид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона зиёда аз 5 навъи маҳсулоти гуногуни пластикӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона 100 фоиз содирот карда мешавад.
Корхона аз ҷумлаи иншооти саноатӣ ба ифтихори ҷашни бошукуҳи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба амалишавии босамари солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат мусоидат мекунад.
Фаъолияти мунтазами марҳилаи дуюми корхона талаботи бозори дохилиро бо 5 намуди маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот, аз ҷумла профилҳои пластикӣ, лулаҳои пластикӣ, резин, бутил ва ғайра таъмин намуда, ба паст шудани нархи он мусоидат мекунад. Ҳоло барои фаъолияти самарабахш ва коркарди босифати маҳсулоти корхона зиёда аз 80 мутахассиси маҳҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид, ки 35 фоизашонро занҳо ташкил медиҳанд.
Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои пластикӣ ва резин барои васли қисмҳои алоҳидаи дару тиреза, насби қисмҳои гуногуни мебел, лулаҳои пластикӣ барои интиқоли об дар биноҳои баландошёна ва боз чандин номгӯи маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки барои боз ҳам зиёд намудан ҳаҷми истеҳсол, беҳсозии сифати маҳсулот ва коҳиш додани нархи он таваҷҷуҳи хос зоҳир гардад.
Дар ҳамин ҷо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди марҳилаи сеюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюмин Проф муаррифӣ карда шуд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи сеюм аз 4 коргоҳ иборат буда, тавассути он коркарди солонаи алюминий ба 8000 тонна расонда мешавад.
Пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи сеюми корхона, шумораи кормандон ба 300 нафар расонида мешавад.
Дар марҳилаи баъдӣ дар ин корхона номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ аз алюминий истеҳсол карда мешавад.
Масъулин аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи саноат миннатдорӣ намуда, барои афзун кардани ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир ва саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи босамари соҳа дастуру тавсияҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳоло дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми маҳсулоти онҳо дар 10 моҳи соли 2025 ба зиёда аз якуним миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 185 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи наву замонавии соҳаи маориф, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Роҳати деҳоти Турсун Туйчиев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 дар деҳаи Файзобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Шӯрхок, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар деҳаи Юлдош Ашуров, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар деҳаи Ҳуснобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122 дар деҳаи Навобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108 дар деҳаи Шулум ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар деҳоти 10-солагии Истиқлолиятро тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаҳои нави соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид барои ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас бунёд гардидааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти наву замонавӣ дар умум 8000 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 400 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави маҳсулоти алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюминийи аввалинро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азизов Хуршед дар якҷоягӣ бо ширкати хориҷии Treks Muhandislik ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ - 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 6,2 га замин бунёд шудааст. Корҳои бунёдӣ дар корхонаи маҳсулоти алюминӣ аз моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Иншооти нав дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бунёд шуда, яке аз корхонаҳои муҳими саноати коркарди алюминий дар мамлакат ба шумор меравад. Иттиллоъ доданд, ки корхона бо хатҳои пешрафтаи технологӣ муҷаҳҳаз буда, имконият дорад 40 намуд профилҳои алюминӣ ва дар як сол 10 ҳазор тонна маҳсулоти баландсифат истеҳсол намояд.
Бо ба кор даромадани корхона барои сокинони маҳаллӣ 160 ҷойи кори доимӣ омода шудааст.
Маҳсулоти корхона ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ буда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, имкони содирот ба кишварҳои хориҷиро низ фароҳам месозад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо раванди истеҳсол, аз бахшҳои асосии корхона дидан намуда, ҷараёни технологӣ, сатҳи омодагии мутахассисон ва имкониятҳои рушди минбаъдаро таҳлил карданд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин корхонаҳои коркард қадами устувор дар ҷодаи саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Ифтитоҳи ҶДММ Алюминийи аввалин боз як қадами муҳими амалисозии сиёсати созандаи роҳбарияти давлат дар роҳи таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Дар фарҷом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр дидан карданд. Дар он корхонаҳои маҳаллӣ маҳсулоти худ, навовариҳо ва имкониятҳои истеҳсолиашонро ба намоиш гузоштанд. Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба рушди минбаъдаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, ба хусус алюминии аввалия, ивази воридот ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр дастуру тавсияҳо доданд.


































