Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ЧАРО ПАРВОЗ БА САМТИ ШАРҚ НИСБАТ БА ҒАРБ ЗУДТАР АНҶОМ МЕЁБАД?

ЧАРО ПАРВОЗ БА САМТИ ШАРҚ НИСБАТ БА ҒАРБ ЗУДТАР АНҶОМ МЕЁБАД?
46

Чоп кардан

Оё ягон бор фикр кардаед, ки чаро парвоз ба самти шарқ нисбат ба парвоз ба самти ғарб зудтар анҷом меёбад? Ҷараёнҳои реактивӣ (инҳо ҷараёнҳои қавии ҳаво бо меҳвари уфуқӣ дар тропосфераи болоӣ ё стратосфераи поёнӣ мебошанд, ки бо буришҳои калони амудӣ ва паҳлӯии бод ва як ё якчанд максимумҳои суръат тавсиф мешаванд), шамолҳои мувофиқ (ҳамроҳамсафар) ва гардиши Замин ба ҳавопаймоҳо кӯмак мекунанд, ки ба макони таъиноти худ тезтар бирасанд.

Шояд шумо мушоҳида карда бошед, ки парвози шумо ба самти шарқ назар ба самти ғарб кӯтоҳтар тӯл мекашад. Ин фарқият воқеист ва сабабаш як омезиши ҷолиби илм, метеорология ва банақшагирии стратегӣ мебошад.

Тағйири вақти парвоз бо сабаби гардиши замин

Замин аз ғарб ба шарқ бо суръати тақрибан 1670 км/соат (тақрибан 1040 мил/соат) дар хатти истиво (экватор) чарх мезанад. Гарчанде ки ин гардиш мустақиман ба ҳаракати ҳавопаймо таъсир намекунад, ба ҳаракати қабатҳои ҳаво таъсири амиқ мерасонад.

Ин ҷараёнҳои атмосфера, махсусан дар баландиҳои баланд, намунаҳои шамолҳоро ба вуҷуд меоранд, ки халабонҳо ҳангоми тарҳрезии самти парвоз ба назар мегиранд. Вобаста ба самти ҳаракат, ин шамолҳо метавонанд ба ҳавопаймо кӯмак расонанд ё монеа эҷод кунанд ва ба вақти умумии парвоз таъсир расонанд.

Ҷараёнҳои реактивӣ-тасмаҳои конвейерии баландсуръати табиат

Сабаби асосии зудтар анҷом ёфтани парвозҳо ба самти шарқ — таъсири ҷараёнҳои реактивӣ мебошад. Ҷараёнҳои реактивӣ хатҳои борики ҳавои баландсуръатанд, ки аз ғарб ба шарқ дар саросари ҷаҳон ҳаракат мекунанд.

Дар баландии парвоз, ҷараёнҳои реактивӣ метавонанд ба суръати беш аз 400 км/соат (250 мил/соат) бирасанд. Парвозҳо ба самти шарқ аксар вақт аз шамоли мувофиқ (ҳамроҳамсафар) баҳра мебаранд, ки метавонад вақти сафар ва истеъмоли сӯзишвориро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

Аз тарафи дигар, парвозҳо ба самти ғарб метавонанд бо шамолҳои сахти муқобил дучор шаванд, ки суръати ҳавопайморо нисбат ба замин суст менамоянд. Ин тавзеҳ медиҳад, ки чаро парвоз аз Ню-Йорк ба Лондон метавонад 6–7 соат тӯл кашад, дар ҳоле ки сафари бозгашт аксар вақт 7–8 соатро фаро мегирад.

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ин нақшҳоро бодиққат меомӯзанд ва масирҳои парвозро мувофиқан танзим мекунанд, то вақти сафарро коҳиш дода, сатҳи бехатариро нигоҳ доранд.

Суръати ҳавопаймо вобаста ба суръати шамол

Ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ одатан ба суръати парвоз то 900 км/соат (560 мил/соат) мерасанд. Гарчанде ки ин суръат таъсирбахш аст, шамол то ҳол нақши муҳим мебозад.

Шамоли сахти мувофиқ (ҳамроҳамсафар) метавонад ҳамчун тела аз ақиб амал карда, ба ҳавопаймо кӯмак намояд, ки масофаро зудтар тай кунад. Дар ҳоле ки шамоли муқобил метавонад мисли кашиши доимӣ эҳсос шавад. Барои экипажҳои парвоз ва банақшагирон, фаҳмидан ва пешгӯии ин шамолҳо барои риояи ҷадвали парвоз ва коҳиши истифодаи сӯзишворӣ муҳим мебошад.

Манфиатҳои экологӣ ва амалиётӣ

Истифодаи шароити шамол барои беҳтар кардани масирҳои парвоз танҳо масъалаи суръати парвоз нест. Дар шароити мувофиқ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд сарфаи назарраси сӯзишворӣ ва коҳиши партовҳои карбонро тавассути истифодаи шамоли мувофиқ ба даст оранд.

Ин нишон медиҳад, ки чӣ гуна муҳандисии кайҳонӣ ва метеорология ба беҳтар шудани самаранокии амалиётӣ ва устувории экологӣ мусоидат мекунанд. Мусофирон аз коҳиши вақти парвоз баҳра мебаранд, дар ҳоле ки саноат хароҷот ва таъсири манфии худро ба муҳити зист коҳиш медиҳад. Як муваффақияти бурднок барои ҳама.

Мушкилот: Ҳангоми сафар ба самти шарқодатан вақти парвоз ба таври назаррас душвортар мегузарад.  

Зангвездагӣ (Jetlag): Одатан ҳангоми сафар ба шарқ, таъсири синдроми тағйири минтақаи вақт (ё ҷараёни вақт) бештар эҳсос мешавад. 

Сафар ба шарқ нисбат ба ғарб нишонаҳои хастагии баъди парвозро бештар ба бор меорад. Сабаб дар он аст, ки соати биологии бадан (ритми сиркадианӣ) ба тағйири минтақаи вақт чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад. 

Ҳангоми сафар ба самти шарқ, шумо маҷбур мешавед, ки барвақттар аз маъмул хоб рафта ва бедор шавед. Гузариш аз зиёда аз се минтақаи вақт (замонпаҳна) метавонад тартиби хоби шуморо халалдор намояд, ки дар натиҷа хастагӣ, бехобӣ ва паст шудани сатҳи ҳушёриро ба бор меорад. 

Ҷолиб он аст, ки одатҳои табиии вақти хоб низ ба таъсири парвоз ба организм таъсир мерасонанд. Барои онҳое, ки барвақт хестанро одат доранд, сафар ба шарқ осонтар мегузарад. Аммо барои нафароне, ки дер аз хоб мехезанд, мутобиқ шудан ба соати нави дохилӣ мушкилтар аст.

Нуқтаи назар аз ҷиҳати илм

Асосан, омезиши ҷараёнҳои реактивӣ ва гардиши Замин парвозҳоро ба самти шарқ зудтар таъмин менамояд, дар ҳоле ки парвозҳо ба самти ғарб метавонанд каме бештар вақтро талаб намоянд. Аз ин лиҳоз, дафъаи дигар, вақте ки парвози шумо ба самти шарқ пеш аз муҳлат мерасад, дар хотир доред: ин на барори тасодуфӣ, балки натиҷаи банақшагирии дақиқ ва шароити мусоиди обу ҳаво мебошад.