ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Дар натиҷаи номусоидии обу ҳаво ва бориши шадиди барф дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиёда аз 8000 парвоз лағв гардид. Шумораи бештари таъхир ва бекоркунии парвозҳо дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Бостон (штати Массачусетс), Детройт (Мичиган), Миннеаполис (Миннесота), Ню-Йорк ва Чикаго (Иллинойс) ба қайд гирифта шудааст.
***
Ширкати байналмилалии арзёбии авиатсионӣ “Skytrax” ширкати ҳавопаймоии “Flynas”-ро ғолиби панҷ ширкати ҳавопаймоии камхарҷи Ховари Миёна эълон намуд. Ҳамчунин ширкатҳои “flydubai”, “Flyadeal”, “Air Arabia” ва “Jazeera Airways” ба рӯйхати панҷгонаи беҳтарин ширкатҳои камхарҷи минтақа шомил гардиданд.
***
Федератсияи Россия ва Арабистони Саудӣ Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд. Татбиқи низоми бераводид миёни ду кишвар эҳтимолан аз оғози соли 2026 оғоз мегардад
***
Пас аз бартарафсозии мушкилии нармафзор дар 6000 адад ҳавопаймои навъи Airbus A320 дар саросари ҷаҳон, ширкати “Airbus” дар ҳамин намуди ҳавопаймоҳо нуқси сифати истеҳсолотро муайян намуд. Гарчанде шумораи дақиқи ҳавопаймоҳои зарардида ҳанӯз маълум нест, аммо тахмин меравад, ки “даҳҳо” адад ҳавопаймои A320 ба чунин нуқсон дучор шудаанд.
***
1 декабри соли ҷорӣ, ширкати “Virgin Australia” хатсайри чорум ва ниҳоии худро аз Мелбурн ба Доҳа оғоз кард.
***
Пас аз 7 сол, санаи 22 ноябри соли 2025, ширкати “China Southern Airlines” парвози мустақимро дар масири Урумчӣ – Ош барқарор намуд.
***
Хатсайри мустақими ширкати “Air China” миёни Пекин ва Абу-Дабӣ расман 24 январи соли 2026 оғоз мегардад.
***
Аз 18 декабри соли 2025, ширкати “Белавиа” парвозҳои мунтазамро ба шаҳри Алмаато барқарор менамояд. Парвозҳо аз Минск ба Алмаато рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе, инчунин парвозҳои бозгашт аз Алмаато ба Минск рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.
***
Ширкати “GE Aerospace” дар зарфи се соли оянда 19 миллион фунт стерлингро барои Маркази нигоҳдории муҳаррикҳои сатҳи ҷаҳонии худ дар Уэлс равона менамояд. Дар доираи ин сармоягузорӣ таҷдиди инфрасохтори иншоот, баланд бардоштани самаранокии кори ҳаррӯза ва расидан ба ҳадафҳои баланди устуворӣ пешбинӣ шудааст.
***
(Манбаъ: Aviation Explorer, Flight Global, China Southern Airlines, Air China, https://news.mail.ru/tag/306/, Aviation A2Z)


































