Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ПАРВОЗҲОИ МУНТАЗАМ ДАР ХАТСАЙРИ КИШ – ДУШАНБЕ – КИШ ОҒОЗ ГАРДИДАНД

ПАРВОЗҲОИ МУНТАЗАМ ДАР ХАТСАЙРИ КИШ – ДУШАНБЕ – КИШ ОҒОЗ ГАРДИДАНД
152

Чоп кардан

Имрӯз парвозҳои мунтазам дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш оғоз гардиданд. Парвозҳо дар ин хатсайр аз ҷониби ширкати Fly.tj ва ширкати ҳавопаймоии «Киш Эйрлайнз» ҳафтае як маротиба- рӯзи панҷшанбе ба роҳ монда мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози парвозҳо дар ин масир дар доираи таҳкими ҳамкории авиатсионӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ба роҳ монда шудааст. Парвозҳо дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Киш Эйрлайнз» ва ширкати Fly.tj анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Пурфарзона баргузор гардид. Зимни он парвозҳои мунтазам дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад ва хатсайри Киш – Душанбе – Киш баррасӣ гардиданд.

Бояд иброз намуд, ки дар доираи татбиқи сиёсати «Осмони кушод», ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат барои тамоми намуди хизматрасониҳо ба андозаи 40 фоиз тахфиф пешбинӣ карда шудааст. Ин иқдом бо мақсади ҷалби ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории авиатсионӣ ба роҳ монда шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки то ин муддат байни ду мамлакат аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкати ҳавопаймоии «Вориш Эйрлайнз» парвозҳо анҷом медоданд.

Инчунин 17 ноябр парвозҳои мустақим дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Раймон Эйрлайнз» оғоз гардиднд.