ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Ширкати “SriLankan Airport and Ground Services”, ки хизматрасонии заминиро дар Фурудгоҳи байналмилалии Бандаранаике (Коломбо, Шри-Ланка) ба роҳ мондааст, барои мусофирон нуқтаҳои бақайдгирии худхизматрасониро роҳандозӣ намуд. Моҳи гузашта дар минтақаи парвозҳои фурудгоҳ 20 нуқтаи нави бақайдгирии худхизматрасонӣ насб гардид, ки ҳоло шумораи умумии онҳо ба 28 адад расидааст.
***
23 ноябри соли 2025, ширкати “Vietjet Thailand” аввалин ҳавопаймои Boeing 737 MAX 8-и худро ба Фурудгоҳи Суварнабхуми дар шаҳри Бангкоки Тайланд интиқол дод.
***
Бо мақсади сохтмони ангари нави нигоҳдорӣ ва таъмири техникии ҳавопаймоҳо дар Фурудгоҳи Инчони шаҳри Сеул, ширкати “Korean Air” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Оғози фаъолияти ин марказ барои соли 2029 пешбинӣ шудааст.
***
Аз 29 марти соли 2026, ширкати “Air Arabia” аввалин парвози мустақими ҳаррӯзаи мусофирбариро дар масири Шарҷа — Лондон оғоз менамояд.
***
Аз 16 июни соли 2026, ширкати “Etihad Airways” тавассути ҳавопаймоҳои Airbus A380 парвозҳоро дар масири Фурудгоҳи байналмилалии Абу-Дабӣ (AUH) — Фурудгоҳи Наритаи Ҷопон ба роҳ хоҳад монд.
***
Ширкати “Belavia” парвозҳои чартерӣ аз шаҳри Могилёв ба Шарм-аш-Шайх-ро дубора ба роҳ монд.
***
Шаби 24 ноябри соли 2025 бинобар баста шудани Фурудгоҳи Вилнюс, як қатор парвозҳо ба таъхир афтоданд ё лағв гардиданд. Дар маҷмӯъ 30 парвози байналмилалӣ ба ҳолати муваққатӣ боздошта шуданд.
***
Аз моҳи декабри соли 2025, ширкати ҳавонавардии “SCAT” аз Ҷумҳурии Қазоқистон парвозҳои мустақимро аз Фурудгоҳи байналмилалии Ҳазрати Султон ба шаҳрҳои Урганҷ, Бухоро ва Самарқанд оғоз менамояд. дар
***
Корпоратсияи давлатии “Ростех”-и Федератсияи Россия бо ҳашт донишгоҳи пешрафта созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ҳадафи асосӣ - таҳияи технологияҳои инноватсионӣ, гузаронидани тадқиқотҳои соҳавӣ, иҷрои корҳои таҷрибавӣ-тарроҳӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос барои кор дар сохтори корпоратсия мебошад.
***
(Манбаъ: Aviation Explorer, Flight Global, Simple Flying)


































