Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ, ВАҲДАТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ, ВАҲДАТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
297

Чоп кардан

Санаи 21-уми ноябри соли 2025 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Парчам дар таърихи пуршебу фарози миллати тоҷик ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлол, ягонагӣ ва сарбаландӣ шинохта мешавад. Он дорои маъно ва тарзу услуби хоси истифодабарӣ буда, ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик маҳсуб меёбад.

 

Дар оғози чорабинӣ Муовини якуми директори генералӣ Даврон Шодмонбекзода суханронӣ намуда, ҳозиринро аз номи худ ва аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон бо ин ҷашни миллӣ табрик гуфта, зикр кард, ки Парчами давлатӣ рамзи ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст ва гиромидошти он нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.

 

Дар идомаи чорабинӣ роҳбари Дастгоҳи директори генералии корхона, Сироҷзода Эмомназар суханронӣ намуда, бо овардани маълумоти мухтассар аз таърихи пайдоиш ва таҳаввули парчам дар давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик ёдовар шуд ва парчами кунунии давлатиро рамзи возеҳи истиқлолу пешрафт номид.

 

Сипас, сухан ба сардори Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии корхона, Пайрав Хусенов дода шуд. Ӯ дар маърӯзаи худ таъкид кард, ки парчам яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни кормандон ва ҷомеа нақши бузург дорад.

 

Ҳамзамон, барои ироаи маърӯза, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, сухан ба сардори Хадамоти иттилоотии авиатсионӣ Ҳусейн Мирамонов дода шуд. Номбурда дар суханронии худ иброз дошт, ки эҳтиром ба парчам эҳтиром ба гузаштаи таърихӣ, арзишҳои миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ мебошад. Парчами давлатӣ рамзи ҷовидонаи давлатдории тоҷикон ва нишонаи устувории Истиқлолияти миллӣ аст.

 

Сипас, навбати сухан ба сардори Шуъбаи бехатарӣ ва сифати истеҳсолоти корхона Қамариддини Шамсуддин дода шуд. Ӯ дар маърӯзаи худ таъкид намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули истиқлолият ва муаррифгари давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Бо парчам миллат шинохта мешавад ва дар зери он шаҳрвандон ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузоранд.

 

Чорабинии мазкур бо иштироки фаъолонаи кормандони корхона, баромадҳои ватандӯстона ва ибрози ҳисси баланди ифтихор аз парчаму миллат дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид. Дар интиҳои чорабинӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи шарафу номуси миллӣ, гузашти таърихӣ ва ормонҳои насли имрӯзу фардо буда, гиромидошти он рисолати шаҳрвандии ҳар яки мост.

     
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”