ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ МУҲИММИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ МИЁНИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ ОҒОЗ ЁФТ
19 ноябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи фармоишгарони давлатии миллии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба Барномаи байнидавлатии радионавигатсионии кишварҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2023–2026, инчунин ҷаласаи 64-уми Шӯрои байнидавлатии кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони “Радионавигатсия” оғоз гардид. Ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ташкил ва баргузор мегардад.
Дар кори ҷаласа намояндагони ваколатдори кишварҳои аъзои ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа мутахассисони соҳа аз давлатҳои аъзо масъалаҳои марбут ба раванди иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда аз ҷониби ҷаласаи фармоишгарони давлатии миллӣ дар доираи Барномаи байнидавлатии радионавигатсионии солҳои 2023–2026-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, татбиқи амалии чораҳо дар соли 2025 бо назардошти мушаххасоти техникӣ, таҳияи лоиҳаи нав барои солҳои 2027–2030, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи радионавигатсия миёни кишварҳои аъзо ва тарҳи Барномаи нави байнидавлатӣ барои давраи оянда низ дар меҳвари ҷаласа қарор дошт.
Баргузории чунин ҷаласаҳо дар Тоҷикистон бозгӯи нақши рӯзафзуни кишвар дар низоми аэронавигатсионии минтақа ва ҳамзамон рамзи ҳамкориҳои босамари кишварҳои ИДМ дар заминаи амният ва пешрафти инфрасохтори парвозӣ мебошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар самти таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ, бо дастгирии доимии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавассути КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб зина ба зина таҷҳизоти муосири радиотехникии парвозҳо, системаҳои алоқаи барқӣ ва дастгоҳҳои метеорологӣ дастрас ва насб гардида истодаанд.
Ин иқдомҳо на танҳо сатҳи касбии соҳа ва амнияти парвозҳоро боло мебаранд, балки нақши стратегӣ ва иқтидори транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақа боз ҳам равшантар месозанд. Дар чанд соли охир баргузор гардидани як қатор чорабиниҳои муҳими сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи аэронавигатсия дар қаламрави Тоҷикистон далели возеҳи пешрафт ва эътибори рӯзафзуни кишвари мо дар арсаи ҳавонавардии ҷаҳонӣ мебошад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”


































