ВОХӮРИИ ҲАЙАТҲОИ АВИАТСИОНИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН
Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” вохӯрӣ бо иштироки муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Азиз, роҳбарият ва кормандони корхона бо намояндагони воломақоми Муассисаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Зимни суханронии худ муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, андешаҳояшонро перомуни густариши ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи иқтисоди миллӣ, бахусус дар таъмини бехатарии ҳаракати ҳавоӣ ва афзоиши шумораи парвозҳо байни ду кишвар баён намуданд.
Дар идомаи вохӯрӣ, иқтидори хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ муаррифӣ карда шуд.
Дар доираи вохӯрӣ, масоили вусъат бахшидан ба ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия, инчунин васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ гардиданд. Бо шарофати дастгириҳо ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи авиатсия густариш меёбад. Бо ташаббус ва роҳнамоии оқилонаи Сарвари давлат, равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳури Исломии Эрон дар самти авиатсияи гражданӣ рушду тавсеа ёфта, заминаи мусоид барои табодули таҷриба, таҳкими инфрасохтор ва таъмини бехатарии парвозҳо фароҳам омадааст. Ин раванд бозгӯи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат дар самти таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд мебошад.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо дар сатҳи нав дар самти аэронавигатсия, аз ҷумла насби таҷҳизот ва системаҳои муосири аэронавигатсионӣ, омода кардани мутахассисони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ изҳор намуданд.
Дар доираи сафари худ ба корхона, меҳмонон тибқи анъана бо фаъолияти мутахассисони идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар манораи муназзимӣ ва дигар утоқҳои кории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз наздик шинос гардиданд.


































