ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
5–6 ноябри соли 2025 дар шаҳри Алмато Семинари минтақавии ICAO EUR/NAT оид ба омӯзиши мутахассисони авиатсия ва банақшагирии қувваи кории соҳа баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз сад намояндаи маъмуриятҳои авиатсионӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз кишварҳои Аврупо, Осиё ва ИДМ иштирок карданд.
Коршиносон масоили омода намудани мутахассисоне, ки на танҳо имрӯз, балки дар авиатсияи оянда низ талабот доранд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Диққати асосӣ ба назорати малакаҳо ва пешгӯии эҳтиёҷоти кадрҳо, фарҳанги омӯзиши пайваста дар шароити тағйироти технологӣ, ҷалби ҷавонон тавассути барномаи NGAP, инчунин шарикии байни марказҳои таълимӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мақомоти танзимкунанда равона гардид.
Ҳамзамон, барномаи семинар панелҳои интерактивӣ, муҳокимаҳои “Sky Talk” ва ҷаласаҳои амалӣ бо роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла JAA TO, ACI World, Airbus Helicopters Kazakhstan Engineering, Air Astana, QAZAQ AIR, ENAC ва EUROCONTROL-ро дар бар гирифт.
***
Аз 1-уми октябри соли 2026, Сингапур аввалин кишваре мегардад, ки ба мусофирон барои истифодаи сӯзишвории устувори ҳавопаймоӣ (SAF) пардохти иловагӣ ҷорӣ мекунад. Маблағи пардохт аз сатҳи хизматрасонӣ ва масофаи парвоз вобаста хоҳад буд. Барои мусофирони синфи якум ва бизнес дар парвозҳо ба Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ пардохти ҳадди аксар 41,60 доллари Сингапур (31,95 доллари ИМА) муқаррар шудааст. Барои мусофирони синфи иқтисодӣ, ки ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ парвоз мекунанд, пардохти иловагӣ 1 доллари Сингапур-ро ташкил медиҳад. Парвозҳои транзитӣ аз пардохти иловагӣ озод буда, арзиши интиқоли бор барои ҳар як кило муайян карда мешавад.
***
Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) натиҷаҳои аудити ҳамаҷонибаи бехатарии авиатсионӣ (USAP-CMA)-ро, ки аз 30-юми август то 15-уми сентябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда буд, расман нашр кард. Тибқи натиҷаҳои аудит, сатҳи риояи стандартҳои байналмилалии ICAO дар Ҷумҳурии Қазоқистон 95,7%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда назар ба миёнаи ҷаҳонӣ (72,01%) ва Аврупо (87,92%) ба таври назаррас баландтар аст.
***
10 ноябри соли 2025, дар шаҳри Муйнаки Ҷумҳурии Қароқалпоқистон манораи нави муназзимии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар шакли модулӣ бунёд ёфтааст. Ин усул бори аввал дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон татбиқ шудааст. Манораи мазкур бо системаҳои муосири алоқа ва идоракунӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба ҳамаи талаботи техникӣ барои фаъолияти шабонарӯзӣ ҷавобгӯ мебошад.
***
Аввалин ҳавопаймои “Boeing P-8A Poseidon” барои Нерӯҳои баҳрии Олмон ба фурудгоҳи Берлин таҳвил дода шуд.
***
Ҳавопаймои “Beechcraft King”, ки барои осебдидагони тӯфон лавозимоти зарурӣ интиқол медод, дар иёлати Флоридаи ИМА суқут намуд. Дар натиҷа, ду нафар ба ҳалокат расиданд.
***
Артиши Мянмар аввалин оператори хориҷӣ гардид, ки чархболи Ми-38Т-и истеҳсоли Федератсияи Россияро ба истифода гирифт. Аз се адад чархболи таҳвилшуда, яке дорои конфигуратсияи VIP буда, барои интиқоли мансабдорони баландмақом пешбинӣ шудааст.
***
Ширкатҳои “Etihad Airways” ва “Hong Kong Airlines” шарикии деринаи худро бо Созишномаи нави мубодилаи рамзҳо ба сатҳи нав бардоштанд.
***
Тибқи гузориши “Cirium” дар бораи дақиқии парвозҳо дар моҳи октябр, ширкати “Scandinavian Airlines” (SAS) 84,43 фоизи парвозҳоро сари вақт анҷом дода, бори чорум унвони дақиқтарин ширкати ҳавопаймоии Аврупоро ба даст овард.
***
Ширкати “China Eastern Airlines” пас аз панҷ сол расман парвозҳои мустақими мусофирбариро миёни Фурудгоҳи байналмилалии Шанхайи Пудун (PVG) ва Фурудгоҳи байналмилалии Индира Гандии Деҳлӣ (DEL) барқарор намуд.
***
Баҳрайн бо ширкатҳои “Capital A” ва “Air Asia” созишномаи аввалияро ба имзо расонид, ки дар доираи он таъсиси маркази (хаб)-и Ховари Миёна пешбинӣ шудааст. Тибқи ин ҳуҷҷат, ширкати “Air Asia” имкони оғози парвозҳоро аз Малайзия, Таиланд, Индонезия ва Филиппин бо пайвастҳои эҳтимолӣ ба самти Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ба даст меорад.
***
Аз соли 2026, хизматрасонии Wi-Fi-и ройгони баландсуръати алоқаи моҳвораии “Starlink” дар беш аз 500 адад ҳавопаймои ширкатҳои “British Airways” ва “Iberia” дастрас мегардад.
***
(Манбаъ: КВҶ “Қазаэронавигатсия”, КВД Маркази “Узаэронавигатсия”, Aviation Explorer, Aviation Source News, Flight Global, Simple Flying, Aviation A2Z)


































